https://sputnik.tj/20240629/dabir-kull-smm-tojikiston-meoyad-1063381133.html
Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, ки дабири кулл дар ҳар кишвар бо сарвари давлат ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат мулоқот ва аз тарҳҳои вижаи марбут ба иқли дидан мекунад
2024-06-29T16:07+0500
2024-06-29T16:07+0500
2024-06-29T16:07+0500
смм
дар ҷаҳон
сиёсат
дар тоҷикистон
антониу гуттериш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Антониу Гутерриш, давбири кулли Созмони милали муттаҳид аз Тоҷикистон боздид ҳоҳад кард.Дар ин бора котиби матбуотии ӯ Стефан Дюжаррик дар брифинг дар Ню Йорк хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, боздиди вай аз Душанбе дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ, ки аз имрӯз доир мешавад, сурат хоҳад гирифт.Қарор аст, ки вай аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ дидан кунад.Интизор меварад, ки Гуттериш аз ҳафтаи оянд ба Тоҷикистон ояд. Бояд гуфт, Дабири кулли СММ соли 2017 низ ба Тоҷикистон омада буд.Стефан Дюжаррик мегӯяд, дабири кулл дар ҳар кишвар бо сарвари давлат ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат мулоқот карда, ҳамчунин бо тарҳҳои марбут ба мубориза бо тағйири иқлим ошно шуда, бо фаъолони маҳаллӣ мулоқот хоҳад кард.Дабири кулл рӯзи 4 июл дар Остона дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ширкат хоҳад кард.Дар суханронии худ Гутерриш ба иштирокчиёни форум хотиррасон мекунад, ки зарурати тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳои бисёрҷониба дар асоси Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро тасдиқ кунанд.Вай таъкид мекунад, ки сулҳ бояд дар маркази ин саъю кушиш бошад, навиштаас дафтари матбуоти СММ.Дабири кулли СММ, ба гуфтаи котиби матбуотии ӯ, ҳамчунин қасд дорад ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳад, ки ихтилофоти геополитикӣ ба мо имкон намедиҳад, ки бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо тағирёбии иқлим ба таври муассир мубориза барем.
https://sputnik.tj/20240503/idi-nav-taqvimi-jahoni-smm-peshnihodi-rahmon-1062714437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дабир кулл смм тоҷикистон меояд
дабир кулл смм тоҷикистон меояд
Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
Қарор аст, ки дабири кулл дар ҳар кишвар бо сарвари давлат ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат мулоқот ва аз тарҳҳои вижаи марбут ба иқли дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Антониу Гутерриш, давбири кулли Созмони милали муттаҳид аз Тоҷикистон боздид ҳоҳад кард.
Дар ин бора котиби матбуотии ӯ Стефан Дюжаррик дар брифинг дар Ню Йорк хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, боздиди вай аз Душанбе дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ, ки аз имрӯз доир мешавад, сурат хоҳад гирифт.
Қарор аст, ки вай аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ дидан кунад.
Интизор меварад, ки Гуттериш аз ҳафтаи оянд ба Тоҷикистон ояд. Бояд гуфт, Дабири кулли СММ соли 2017 низ ба Тоҷикистон омада буд.
Стефан Дюжаррик мегӯяд, дабири кулл дар ҳар кишвар бо сарвари давлат ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат мулоқот карда, ҳамчунин бо тарҳҳои марбут ба мубориза бо тағйири иқлим ошно шуда, бо фаъолони маҳаллӣ мулоқот хоҳад кард.
Дабири кулл рӯзи 4 июл дар Остона дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ширкат хоҳад кард.
Дар суханронии худ Гутерриш ба иштирокчиёни форум хотиррасон мекунад, ки зарурати тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳои бисёрҷониба дар асоси Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро тасдиқ кунанд.
Вай таъкид мекунад, ки сулҳ бояд дар маркази ин саъю кушиш бошад, навиштаас дафтари матбуоти СММ.
Дабири кулли СММ, ба гуфтаи котиби матбуотии ӯ, ҳамчунин қасд дорад ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳад, ки ихтилофоти геополитикӣ ба мо имкон намедиҳад, ки бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо тағирёбии иқлим ба таври муассир мубориза барем.