https://sputnik.tj/20240628/parvozi-pahpodhoi-nazdiki-marzhoi-afghoniston-tojikiston-1063374324.html
Парвози паҳподҳои ношинос дар наздикии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон
Парвози паҳподҳои ношинос дар наздикии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон ахиран хабар додааст, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бар фарози марзи муштараки ин кишвар ва Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд
2024-06-28T14:49+0500
2024-06-28T14:49+0500
2024-07-18T12:06+0500
афғонистон
паҳпод
толибон
ҳарими ҳавоӣ
дар тоҷикистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062265694_0:131:3177:1918_1920x0_80_0_0_1626ac366732b1ee5cf7bd5974968d7f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ гузориш доданд паҳподҳои ношинос бар фарози шаҳри Толиқон-маркази вилояти Тахор дар шимолу шарқи Афғонистон ва шаҳристонҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд, иттилоъ додааст сомонаи “Tasnimnews”.Гуфта мешавад, ки паҳподҳои бидуни сарнишин аз нимашаб то зӯҳр бар фарози осмони Тахор ва шаҳристонҳои марзии Тоҷикистон мушоҳида шудааст.Бар асоси гузоришҳо, шаҳристонҳои Дарқад, Дашти қалъа, Хоҷа Баҳоуддин, Чоҳоб ва Хоҷағори вилояти Тахор бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд.То кунун равшан нест, ки ин ҳавопаймо аз кадом кишвар вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон шудааст.Фасеҳиддин Фитрат, раиси ситоди артиши ҳукумати толибон* пеш аз ин дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ эълом кард, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ тақрибан ҳар рӯз дар ҳарими ҳавои кишвар гаштзанӣ мекунанд.Муломуҳамммд Ёқуб, вазири дифои толибон* низ чанде қабл таъкид карда буд, ки паҳподҳои амрикоӣ аз тариқи Покистон ҳарими ҳавои Афғонистонро нақз мекунанд, ки инкори мақомҳои покистониро дар пай дошт.* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240622/nebenzya-khatar-dastyobi-doish-afghoniston-siloh-gharb-1063305805.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062265694_223:0:2954:2048_1920x0_80_0_0_d888178ec897e6a797de221624690ffa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, марз, паҳпод, парвоз, ҳарими ҳавоӣ
тоҷикистон, афғонистон, марз, паҳпод, парвоз, ҳарими ҳавоӣ
Парвози паҳподҳои ношинос дар наздикии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон
14:49 28.06.2024 (Навсозишуда: 12:06 18.07.2024) Мақомоти Афғонистон ахиран хабар додааст, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бар фарози марзи муштараки ин кишвар ва Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ гузориш доданд паҳподҳои ношинос бар фарози шаҳри Толиқон-маркази вилояти Тахор дар шимолу шарқи Афғонистон ва шаҳристонҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд, иттилоъ додааст сомонаи “Tasnimnews”.
Гуфта мешавад, ки паҳподҳои бидуни сарнишин аз нимашаб то зӯҳр бар фарози осмони Тахор ва шаҳристонҳои марзии Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Бар асоси гузоришҳо, шаҳристонҳои Дарқад, Дашти қалъа, Хоҷа Баҳоуддин, Чоҳоб ва Хоҷағори вилояти Тахор бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд.
То кунун равшан нест, ки ин ҳавопаймо аз кадом кишвар вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон шудааст.
Фасеҳиддин Фитрат, раиси ситоди артиши ҳукумати толибон* пеш аз ин дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ эълом кард, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ тақрибан ҳар рӯз дар ҳарими ҳавои кишвар гаштзанӣ мекунанд.
Муломуҳамммд Ёқуб, вазири дифои толибон* низ чанде қабл таъкид карда буд, ки паҳподҳои амрикоӣ аз тариқи Покистон ҳарими ҳавои Афғонистонро нақз мекунанд, ки инкори мақомҳои покистониро дар пай дошт.
* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.