Селоӣ ба се минтақаи Тоҷикистон таҳдид мекунад

© SputnikДушанбе накрыла пыльная буря
Душанбе накрыла пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2024
Обуна шудан
Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар пешгӯӣ намудааст, ки то якуми июл се минтақаи Тоҷикистон зери хавфи омадани сел қарор доранд.
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рӯзҳои охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор хоҳад шуд, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯзҳои 27 июн то 1 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта ва селҳои пиряхӣ мавҷуд аст.
Ҳамчунин, ифлосшавии ҳаво дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мешгӯӣ мешавад.
"Рӯзҳои 28-30 июн дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои шимолии Суғд, НТҶ ва шаҳри Душанбе ҳаво ифлос мешавад", - омадааст дар хабари Оҷонсӣ.
Зикр гардид, ки чангбод аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб вориди кишвар шуда, боиси баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ мегардад.
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубор
Қаблан, КҲФ низ аз хавфи селфароӣ ва ифлос шудани ҳаво хабар дода, аз шаҳрвандон хост пешакӣ заҳбуру каналҳоро аз хасу хошок тамиз кунанд.
Лентаи хабарҳо
0