Маскав дар барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон нақши бориз дошт - видео

Обуна шудан
Ҳамасола рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ваҳдати миллӣ аз анҷоми ҷанги хунуни шаҳрвандӣ, ки панҷ сол давом кард, дарак медиҳад
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз ёфт ва то соли 1997 идома кард.
Танҳо давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот, даҳҳо ҳазор қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон карданд.
Нахустин гуфтугӯ миёни тими ҳукумат ва мухолифин барои музокирот аз моҳи апрели соли 1994 дар Маскав оғоз шуд. Бо гузашти ҷанд давр дар Алма-Ато, Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва ахиран дар Маскав нерӯҳои мухолифин ва ҳукумат куллан ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон: аз ҷанг то сулҳ
Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0