Дар Хуҷанд боз ҳаракати автобусҳо қатъ шуд

© Foto / Пресс-служба председателя города ХуджандАвтобусы в Худжанде. Архивное фото
Автобусы в Худжанде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2024
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд бори чандум аст, ки бо сабабҳои гуногун ҳаракати автобусҳо мутаваққиф мешавад
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Аз 100 автобуси мусофиркаше, ки чанд соли пеш бо мақсади беҳтаргардонии соҳаи мусофиркашонӣ ба шаҳри Хуҷанд ворид карда шуда буд, зимнан ягон адади онҳо ба ҳаракат намебарояд.
Вазъи бамаломадаро директори генералии КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд, Хуршедхон Эшонов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Ин манбаъ мушкили ба вуҷудомадаро шарҳ дод ва изҳори умедворӣ кард, ки он рӯзҳои наздик аз сар гирифта хоҳад шуд.

"Сабаби асосии аз ҳаракат боз мондани автобусҳо мушкили дастрасӣ ба сӯзишворӣ аст. Мо кӯшиш дорем, ки ин масъала рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад ва автобусҳо дубора ба ҳаракат мебароянд", - гуфт, масъули идораи “Нақлиёти мусофиркашон” -и Хуҷанд.

Ин маротибаи аввал нест, ки ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд қатъ мегардад. Ахиран моҳи октябри соли қаблӣ ҳам ин мушкил сар зад ва танҳо бо гузашти як моҳ ҳаракати автобусҳо аз сар гирифта шуд.
Газозаправочная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Газ дар Тоҷикистон каме арзон шуд
Он замон масъулини идораи нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд мушкили пешомадаро ба баландшавии нархи сӯзишвории дизелӣ ва худкифо набудани соҳа рабт дода, гуфта буданд, ки масъала акнун бартараф шуда ва минбаъ то 60 адад автобус мунтазам ба сокинони Хуҷанд ва навоҳии атрофи он хизмат мерасонанд.

Аммо бо гузашти як сол ҳоло дубора ин мушкил ба вуҷуд омадааст. Соли 2018, Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд барои татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" аз ҳисоби $26 млн қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 100 адад автобуси тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292"-ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.
Аз ҳисоби умуммии маблағ $8,5 млн қарзи бебозгашт (грант) буда, $17,5 млн дигар қарзе гуфта мешавад, ки пардохти ҳарсолаи он тақозо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0