Таърихи Тоҷикистон дар пули 50 сомонӣ

Обуна шудан
Таърихи пайдоиши пули миллии муосири кишвар аз солҳои 2000-ум оғоз шуда, ин пул ба ифтихори асосгузори нахустин давлат дар қаламрави Тоҷикистони муосир номгузорӣ шудааст
Сомонӣ ба шарафи асосгузор ва пешвои нахустин давлат дар қаламрави ҷумҳурии муосир, амири дуюми Мовароуннаҳру Хуросон Исмоили Сомонӣ ном гирифтааст.
Дар тарафи пеши пули коғазии 50 сомонӣ тасвири муаррих, сиёсатмадор, директори институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС, муаллифи асари илмии “Тоҷикон” Бобоҷон Ғафуров акс ёфтааст.
Дар паси пул чойхонаи таърихии “Сино” дар Исфара тасвир ёфтааст.

Илова бар ин дар пули 50 сомонӣ китоби “Тоҷикон” дарҷ ёфтааст.
Тоҷикистон охирин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд, ки аз пули шӯравӣ даст кашид - он то соли 1993 истифода мешуд.
Аз аввали соли 1994 рубли русӣ ба воҳиди пули расмӣ табдил ёфт ва 10 майи соли 1995 онро пули тоҷикӣ иваз кард.
Бо гузашти 5 сол ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят пули ҳақиқии миллиро ба муомилот ворид кард.
Пули нав 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуд. Нақшаҳои пулӣ бо арзишҳои 1, 5, 20, 50 дирам ва 1, 5, 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0