Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон меояд

© AP / K.M. ChaudaryПремьер-министр Пакистана Шехбаз Шариф
Премьер-министр Пакистана Шехбаз Шариф  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2024
Обуна шудан
Нахуствазири Покистон бо сафари дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар дидору гуфтугӯ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, сафари Шаҳбоз Шариф бо даъвати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ду рӯз идома меёбад.
Қайд карда шудааст, ки ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф пас аз интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон мебошад.
Президент Таджикистана и премьер-министр Пакистана на торжественной церемонии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Оғози музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф дар Покистон
Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, дар моҳи марти соли равон бо гирифтани беш аз 200 раъйи вакилон дигарбора сарвазир интихоб шуд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки моҳи декабри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафта буд ва бо Шаҳбоз Шариф дидору гуфтугӯ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0