Имзои 30 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Русия - акс

© SputnikМеждународная выставка "Экспо-Сугд-2024"
Международная выставка Экспо-Сугд-2024  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Обуна шудан
Санадҳои дуҷонибаи ҳамкории соҳибкорони тоҷику рус, ки бегоҳии дирӯз ба имзо расонида шудааст, миллионҳо доллари амрикоиро дар назар дорад
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Чунин созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии “Экспо Суғд -2024” дар Хуҷанд ба тасвиб расидаанд.
Дар ин бора, муовини Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Ғайрат Қобилзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Созишномаҳои дуҷониба бахшҳои мухталифро фаро мегиранд. Аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технология дар ҷодаи истихроҷи маъдан, таъсиси коргоҳҳои муштараки саноӣ иборат аст” – гуфт, Қобилзода.
© SputnikМеждународная выставка "Экспо-Сугд-2024"
Международная выставка Экспо-Сугд-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Международная выставка "Экспо-Сугд-2024"
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар умум миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва Русия 29 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки имкон аст дар ояндаи наздик гардиши молу маҳсулотро ба миллионҳо доллар афзоиш диҳад.
Намоишгоҳи байналмиллалии “Экспо Суғд – 2024” рӯзҳои 17 – 19 уми июн дар Хуҷанд доир гардид ва барои иштирок дар он беш аз 600 молик ва намояндаи ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронеж ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ташриф оварданд.
© SputnikМеждународная выставка "Экспо-Сугд-2024"
Международная выставка Экспо-Сугд-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Международная выставка "Экспо-Сугд-2024"
Сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон ва Қирғизистону Қазоқистон низ ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар заминаи баргузории он ҳудуди 200 соҳибкор ва ширкатҳои ватанӣ бо соҳибкорони хориҷӣ аз наздик мулоқот ороста, миёни ҳам тарҳҳои ҳамкории муштаракро пешниҳод намуданд.
Лентаи хабарҳо
0