Коренков: Суғд ба суръати рушди гардиши моли Тоҷикистону Русия такони ҷиддӣ мебахшад

© Sputnik / Амир ИсаевЕвгений Кореньков торговый представитель РФ в РТ
Евгений Кореньков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2024
Обуна шудан
Вилояти Суғд минтақаи доро ва маркази саноатии Тоҷикистон аст, мегуяд намояндаи тиҷории Русия дар ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тақрибан 30 дарсади ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия ба вилояти Суғд рост меояд.
Дар ин бора намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ба Sputnik Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкорон “Суғд-2024” изҳор дошт.
“Намоишгоҳи X-уми байналмилалӣ ин як пешравист, ки ба вилояти Суғд барои содироту воридот такони ҷиддӣ медиҳад. Барои мо вилояти Суғд тақрибан 30%-и ҳаҷми умумии гардиши мол, ҳам воридот ва ҳам содиротро ташкил медиҳад”, - қайд кард оқои Коренков.
Ба гуфтаи вай, агар дар маҷмуъ дар бораи Тоҷикистон сухан ронем, ин беш аз 60 дарсади тавлидоти дохилиро ташкил медиҳад.
"Ин минтақаи доро ва маркази саноатӣ мебошад”, — кайд кард намояндаи тиҷории Русия.
Вай таъкид кард, ки Суғд ба суръат рушд ва афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистонро таъсири назаррас мерасонад.
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2024
Чаҳор моҳи аввали додугирифт: афзойиш аз Тоҷикистон, коҳиш аз Русия
Ӯ зикр кард, ки намояндаҳои минтақаҳо ва корхонаҳои Русия, ки ба Тоҷикистон омадаанд, тақрибан 90 нафарро ташкил медиҳад. Соҳибкорон ҳавасманди тиҷорати мутақобил ҳам дар соҳаи кишоварзӣ – савдои меваю сабзавот ва ҳам дар саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, бахши истихроҷи маъдан мебошанд.
Коренков аз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ташкили намоишгоҳ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуд.
Коренков дар хотима гуфт, ин сатҳи нав, комёбиҳои нави байни кишварҳои мост ва ба афзоиши муомилоти мол байни ҳамдигар таъсири манфӣ мерасонад.
Форуми байнулмилалии тиҷорӣ таҳти унвони "Суғд – водии имкониятҳо" дар шаҳри Хуҷанд бори даҳум аст, ки баргузор мешавад. Он ду рӯз — 18—19 июн давом хоҳад кард. Дар он зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0