https://sputnik.tj/20240618/zang-rahmon-raison-dasturash-hosilghundori-omodagi-zimiston-1063255573.html
Занги Раҳмон ба раисон ва дастураш ба ҳосилғундориву омодагӣ ба зимистон
Занги Раҳмон ба раисон ва дастураш ба ҳосилғундориву омодагӣ ба зимистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар аз ҳоло ба масъулин дастур додааст, ки омодагиҳоро ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ аз ҳамин ҳоло бигиранд
2024-06-18T12:53+0500
2024-06-18T12:53+0500
2024-06-18T13:38+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мавзӯи меҳварии суҳбат ҷамъоварии ҳосил буд.Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гузоришҳои раиси вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат доир ба масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд шунид.Раисҷумҳур ба роҳбарони ин манотиқ доир ба масоили зикршуда ва иҷроиши дастурҳои қаблан додашуда, вазифаҳои мушаххас додааст.Ӯ ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистодаро бигиранд.Бар асоси дастури раисҷумҳур онҳо муваззаф шудаанд, ки корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои кориро барои аҳолӣ вусъат диҳанд.
https://sputnik.tj/20240610/rahmon-nishast-shuro-rushd-kohish-faqr-boloravi-maosh-1063158251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занг раҳмон раисон дастураш ҳосилғундорӣ омодагӣ зимистон
занг раҳмон раисон дастураш ҳосилғундорӣ омодагӣ зимистон
Занги Раҳмон ба раисон ва дастураш ба ҳосилғундориву омодагӣ ба зимистон
12:53 18.06.2024 (Навсозишуда: 13:38 18.06.2024) Раисҷумҳури кишвар аз ҳоло ба масъулин дастур додааст, ки омодагиҳоро ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ аз ҳамин ҳоло бигиранд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мавзӯи меҳварии суҳбат ҷамъоварии ҳосил буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гузоришҳои раиси вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат доир ба масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд шунид.
Раисҷумҳур ба роҳбарони ин манотиқ доир ба масоили зикршуда ва иҷроиши дастурҳои қаблан додашуда, вазифаҳои мушаххас додааст.
Ӯ ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистодаро бигиранд.
Бар асоси дастури раисҷумҳур онҳо муваззаф шудаанд, ки корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои кориро барои аҳолӣ вусъат диҳанд.