Ҳазорҳо маҷруҳу ду кушта ҳангоми анҷоми қурбониҳо дар Туркия

© AFP 2024 / YASIN AKGULПокупатель выбирает овец на рынке в Стамбуле во время мусульманского праздника Курбан-Байрам
Покупатель выбирает овец на рынке в Стамбуле во время мусульманского праздника Курбан-Байрам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2024
Обуна шудан
Ҳазорон нафар дар Туркия ҳангоми анҷоми қурбонӣ дар ид осеб диданд ва аз миёни ин миқдор захмбардоштагон ду нафарашон ҷон додаанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳудуди 16 ҳазор сокини Туркия дар рӯзи аввали иди Қурбон ҳангоми қурбонӣ кардани чорво захмӣ шудаанд.
Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар, Фахретдин Коҷа иттилоъ додаст.
"Сабаби чунин ҷароҳатҳо дар он аст, ки чорворо на мутахассисон мекушанд", - гуфт ӯ.
Аксари маҷрӯҳшудагон дар Анкара сабт шудаанд - 1274 нафар. Дар Истанбул 918 нафар дар ҷараёни қурбониҳо ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Гузашта аз ин, ду нафар аз захмҳои бардоштаашон ҷон додаанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Намози иди Қурбон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2024
Иди Қурбон дар Русия ба ривояти тасвир
Иди Қурбон дар баробари иди Рамазон яке аз идҳои асосии мусалмонони тамоми ҷаҳон мебошад, ки ба таври густурда таҷлил мегардад.
Одатан он аз намози идона оғоз гардида, сипас бо қурбонӣ кардану ба табрики ҳамдигар рафтан идома мекунад. Дар иди Қурбон мусалмонони тавонманд чорвоеро қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.
Таъкид мешавад, ки бар асоси фазилатҳои исломӣ, қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъмини аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад.
Дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи фазилатҳои дигари иди Қурбон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0