https://sputnik.tj/20240616/zangi-rahmon-sarvaziri-pokiston-shodboshi-barrasii-safari-rasmi-1063226276.html
Занги Раҳмон ба сарвазири Покистон: Аз шодбошӣ бо ид то баррасии сафари расмӣ
Занги Раҳмон ба сарвазири Покистон: Аз шодбошӣ бо ид то баррасии сафари расмӣ
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунаду таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намояд
2024-06-16T10:45+0500
2024-06-16T10:45+0500
2024-06-16T10:48+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
покистон
боздид
суҳбат
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфт."Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ба тамоми мардуми бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд", - омадааст дар иттилоия.Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.Дар ин замина мавзӯи боздиди расмии дарпешистодаи сарвазири Покистон аз Тоҷикистон баррасӣ гардид, омадааст дар иттилоия. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид намудаст. Дар фарҷоми суҳбат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20240428/tojikiston-ba-bahr-roh-yoft-sodiroti-mahsuloti-kishvar-ba-khorij-osontar-meshavad-1062664428.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмо, суҳбат, телефонӣ, шаҳбоз шариф, покистон
эмомалӣ раҳмо, суҳбат, телефонӣ, шаҳбоз шариф, покистон
Занги Раҳмон ба сарвазири Покистон: Аз шодбошӣ бо ид то баррасии сафари расмӣ
10:45 16.06.2024 (Навсозишуда: 10:48 16.06.2024) Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунаду таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намояд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфт.
"Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ба тамоми мардуми бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.
Дар ин замина мавзӯи боздиди расмии дарпешистодаи сарвазири Покистон аз Тоҷикистон баррасӣ гардид, омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид намудаст.
Дар фарҷоми суҳбат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.