Паёми раиси Хатлон дар иди Қурбон: Дар Тоҷикистон озодии комили динӣ фароҳам аст
13:03 16.06.2024 (Навсозишуда: 11:12 17.06.2024)
© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана
© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Обуна шудан
Брои намозгузорон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо, масҷидҳо бо тамоми меъёрҳои ҷавобгӯ ба фарҳанги исломӣ бунёд гардида, боозанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид тамоми сокинони вилояти Хатлонро бо иди Қурбон шодбош гуфта, барояшон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек таманно кард.
Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодат кардан ва наздикӣ ҷустан ба Худованд мебошад, балки талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирӣ ва хайру эҳсон намудан ба ятимону маъюбон, беморону ниёзмандон, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон мебошад, гуфт ӯ.
Раиси Хатлон зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои намозгузорон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо, масҷидҳо бо тамоми меъёрҳои ҷавобгӯ ба фарҳанги исломӣ бунёд гардида, дарҳояшон барои ибодат боз аст.

"Барои шахсоне, ки мехоҳанд таҳсилоти олии динӣ гиранд, дар Донишгоҳи исломӣ шароит фароҳам буда, ҳамасола беш аз ҳафт ҳазор шаҳрвандони кишварамон озодона фаризаҳои ҳаҷро иҷро менамоянд. Ин далелҳо баёнгари озодии комили эътиқоди динӣ дар Тоҷикистон мебошад", - гуфт Давлаталӣ Саид.
Ӯ илова намуд, ки ҳар нафар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини ислом мебошад.
Ӯ илова намуд, ки ҳар нафар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини ислом мебошад.
"Вобаста ба ин, бобати қурбонӣ кардан дар рӯзи ид ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирифта, ба тақлид ва исрофкорӣ роҳ надиҳад ва дастурхони хоксоронаи маънавӣ ороста намояд", - зарур хонд ӯ.
Вай дар охир тамоми ҳамватанонро бо фарорасии Иди Қурбон шодбош гуфта, барояшон некрӯзию хонаободӣ ва барои кишвар сулҳу оромӣ, пешрафт ва шукуфоиро таманно кард.