https://sputnik.tj/20240615/tojikiston-tajriba-sarfa-ob-rusiya-omuzad-1063225657.html
Тоҷикистон чӣ таҷрибаи сарфаи обро аз Русия метавонад омӯзад?
Тоҷикистон чӣ таҷрибаи сарфаи обро аз Русия метавонад омӯзад?
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири президенти Русия оид ба тағйирёбии иқлим Руслан Эделгериев дар бораи мушкилоти муштараки ду кишвар дар соҳаи экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан гуфт.
2024-06-15T18:33+0500
2024-06-15T18:33+0500
2024-06-15T18:52+0500
дар тоҷикистон
об
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059660796_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_bc3ea7827c62eef1ace737582b616603.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон севвумин Конфронси байналмилалии об дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе ба поён расид. Аз ҷониби Русия яке аз иштирокчиёни сатҳи баланд мушовири президенти Русия оид ба тағирёбии иқлим Руслан Эделгериев буд. Дар мулоқот ӯ дар бораи мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим ва таҷрибаи Русия дар сарфаи захираҳои об сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Русия бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва об лоиҳаҳои азими таҷдиди инфрасохтор, иншооти тозакунӣ ва шабакаҳои обтаъминкунӣ амалӣ мешаванд. Эделгериев афзуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти кунунӣ ва интизории демографӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба масъалаҳои истифодаи об таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро онҳо аллакай ба вазъи захираҳои об, олами набототу ҳайвонот ва зиндагии мардум таъсир мерасонанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар вақти аз ҷиҳати стратегӣ ба нақша гирифтани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ин дигаргуниҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, метавонистанд аз таҷрибаи Русия дар истифодаи фанновариҳои камхарҷ дар соҳаи кишоварзӣ, бузургтарин бахши иқтисод аз нигоҳи масрафи об истифода баранд. "Бо дарназардошти таҷриба ва пешрафтҳои мусбӣ, Русия метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки аллакай идома дорад, пешниҳод намояд, ки ҳамкориҳоро дар чунин соҳаҳо, аз қабили рушди системаҳои обёрӣ ва гузариш ба обёрии қатрагӣ, беҳбуд бахшидан ба обёрии қатрагӣ густариш диҳанд”, - шарҳ дод Эделгериев ба Sputnik Тоҷикистон дар пайи конфронси Душанбе. Ин намояндаи Русия мегӯяд, ҳамчунин сифати кори системаҳои мелиоративӣ истифодаи технологияи нави хоҷагии манзилию коммуналӣ барои сарфаи об, тоза кардани обҳои партов, беҳтарсозии манобеи об ва ташаккули фарҳанги истифодаи онро метавонад шарик созанд.Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои расмии 70 кишвар ва беш аз 100 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муассисаҳои СММ, созмонҳои молию омӯзиши ҳузур доштанд. Қаблан дар Душанбе ду конфронси даҳсолаи об баргузор шуда буд - солҳои 2018 ва 2022.
https://sputnik.tj/20240613/tavajjuhu-sarmoyaguzori-bakhshi-tojikiston-1063195997.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059660796_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_4e1c756872d1ab8d043d9e193403f75d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон таҷриба сарфа об русия омӯзад
тоҷикистон таҷриба сарфа об русия омӯзад
Тоҷикистон чӣ таҷрибаи сарфаи обро аз Русия метавонад омӯзад?
18:33 15.06.2024 (Навсозишуда: 18:52 15.06.2024) Мушовири президенти Русия оид ба тағйирёбии иқлим Руслан Эделгериев дар бораи мушкилоти муштараки ду кишвар дар соҳаи экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан гуфт.
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон севвумин Конфронси байналмилалии об дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе ба поён расид.
Аз ҷониби Русия яке аз иштирокчиёни сатҳи баланд мушовири президенти Русия оид ба тағирёбии иқлим Руслан Эделгериев буд.
Дар мулоқот ӯ дар бораи мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим ва таҷрибаи Русия дар сарфаи захираҳои об сухан гуфт.
"Дар бахши хочагии манзилию коммуналӣ тарғиби фарҳанги истифодаи обро аз шаҳрҳои калон сар карда пеш мебаранд. Дар марҳалаи аввал ин метавонад боиси ихтилофот ва нофаҳмиҳо дар байни аҳолӣ гардад, аммо таъсири мусбати назорати истеъмоли об ва маблағҳои шахсии шумо барои захираҳо зуд равшан мегардад. Мо то вақтҳои охир дар солҳои ҳукумати шӯравӣ мо дар ҳудуди ФР 124 километри мукааб дар хоҷагии деҳот об исти истифода мебурдем, имрӯз масрафи мо аз 50 зиёд нест”, - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Русия бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва об лоиҳаҳои азими таҷдиди инфрасохтор, иншооти тозакунӣ ва шабакаҳои обтаъминкунӣ амалӣ мешаванд.
Эделгериев афзуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти кунунӣ ва интизории демографӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба масъалаҳои истифодаи об таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро онҳо аллакай ба вазъи захираҳои об, олами набототу ҳайвонот ва зиндагии мардум таъсир мерасонанд.
Ин чунин маъно дорад, ки дар вақти аз ҷиҳати стратегӣ ба нақша гирифтани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ин дигаргуниҳоро ба назар гирифтан лозим аст.
Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, метавонистанд аз таҷрибаи Русия дар истифодаи фанновариҳои камхарҷ дар соҳаи кишоварзӣ, бузургтарин бахши иқтисод аз нигоҳи масрафи об истифода баранд.
"Бо дарназардошти таҷриба ва пешрафтҳои мусбӣ, Русия метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки аллакай идома дорад, пешниҳод намояд, ки ҳамкориҳоро дар чунин соҳаҳо, аз қабили рушди системаҳои обёрӣ ва гузариш ба обёрии қатрагӣ, беҳбуд бахшидан ба обёрии қатрагӣ густариш диҳанд”, - шарҳ дод Эделгериев ба Sputnik Тоҷикистон дар пайи конфронси Душанбе.
Ин намояндаи Русия мегӯяд, ҳамчунин сифати кори системаҳои мелиоративӣ истифодаи технологияи нави хоҷагии манзилию коммуналӣ барои сарфаи об, тоза кардани обҳои партов, беҳтарсозии манобеи об ва ташаккули фарҳанги истифодаи онро метавонад шарик созанд.
Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои расмии 70 кишвар ва беш аз 100 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муассисаҳои СММ, созмонҳои молию омӯзиши ҳузур доштанд. Қаблан дар Душанбе ду конфронси даҳсолаи об баргузор шуда буд - солҳои 2018 ва 2022.