Раҳмон: Дар зиндагиамон ҳанӯз мушкилоти зиёд дорем

© Foto / Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил народ республики с наступающим праздником Иди Курбон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил народ республики с наступающим праздником Иди Курбон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Иди Қурбон гуфт, ки дар Тоҷикистон акнун давлат бунёд мешавад ва дар зиндагӣ ҳанӯз мушкилоти зиёд мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми шодбошиаш қайд кард, ки барои ҳалли мушкилот мақомот кор мекунаду заҳмат мекашад.
“Ватанамонро соҳибӣ мекунем, обод мекунем ва намегузорем, ки халқамон дастнигари дигарон шавад”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ ба хусус аз ҷавонон даъват кард, ки барои ояндаи давлат хонанд, донишманд шаванд, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд ва аз тоҷик буданашон ифтихор намоянд.
“Мо солҳои ниҳоят вазнини 90-уми асри гузаштаро, ки бо дахолати қувваҳои бадхоҳ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сарамон омаданд, сипарӣ намудем, миллатамонро дигарбора соҳибӣ кардем, сарҷамъ намудем, давлатамонро аз нестӣ наҷот додем, яъне аз вазъияти бениҳоят сангин, шукр, ки баромадем”, гуфт ӯ.
Заглушка к инфографике Забой скота на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2024
Дар пойтахти Тоҷикистон 36 нуқтаи махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки бояд чун ҳарвақта мардум заҳмат бикашанд, бахусус, ҳосили фаровони имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, кишти такрориро вусъат диҳанд.
“Ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи маводи ғизоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот бошем”, - зикр кард Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0