https://sputnik.tj/20240614/putin-kiev-peshnihodi-sulh-zelenskiy-rad-kard-1063219474.html
Путин ба Киев пешниҳоди сулҳ кард, аммо Зеленский онро рад кард
Путин ба Киев пешниҳоди сулҳ кард, аммо Зеленский онро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо дипломатҳои кишвараш гуфт, агар Киев пешниҳодҳои нави сулҳро рад кунад, шартҳо тағйир хоҳанд ёфт
2024-06-14T20:01+0500
2024-06-14T20:01+0500
2024-06-14T20:01+0500
русия
дар русия
владимир путин
амалиёти вижа
украина
музокирот
владимир зеленский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063112679_0:0:2918:1642_1920x0_80_0_0_c9f9480ff521b8ee059c89fa55689a78.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо раҳбарияти вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, агар Киев ва Аврупо аз пешниҳоди нави сулҳи Русия даст кашанд, чуноне ки қаблан буд, шартҳои музокирот тағйир хоҳанд ёфт."Ғарб ва Киев роҳеро пеш гирифтанд, ки моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд, аммо, тавре шумо медонед, онҳо дар ин роҳ ноком шуданд. Мо боз як пешниҳоди воқеъии сулҳ пешниход мекунем, агар дар Киев ва пойтахтхои Ғарб мисли пешина онро рад кунанд, масъули идомаи хунрезӣ хоҳанд буд. Дар ин сурат шартҳои оғози музокирот гуногун хоҳад буд”, - гуфт Путин.Путин афзуд, моҳияти пешниҳоди Русия дар он нест, ки низоъро ба монанди Ғарб мутавақиф созем, баракс ба он ниҳоят хотима диҳем."Ва ман бори дигар мегӯям, ҳамон лаҳзае, ки Киев ба ин пешниҳод розӣ шавад ва аз ҶМД ВА ҶМЛ, вилоятҳои Запорожие ва Херсон нерӯҳои худро хориҷ кунад ва ин корро ҳақиқӣ иҷро кунад, мо омодаем бидуни таъхир ба музокирот шуруъ намоед”, - таъкид кард ӯ.Ин дар ҳолест, ки Дафтари Зеленский пешниҳодҳои Путинро дар бораи музокироти сулҳ рад кард ва гуфт, ки ин ташаббус гӯё маънои даст кашидани Киев аз ҳудуди худ мебошад.Дафтари Зеленский изҳороти Путин дар бораи музокироти сулҳро як кӯшиши ба даст овардани ташаббус пеш аз нишасти Украина дар Швейтсария арзёбӣ кард.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20240516/shoygu-peshravi-amaliyoti-vizha-hamla-minbada-1062851312.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063112679_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_81c59013c4d73407de6951b6c518e9df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, сулҳ, владимир путин путин, ҷмд, ҷмл, музокирот
русия, амалиёти вижа, украина, сулҳ, владимир путин путин, ҷмд, ҷмл, музокирот
Путин ба Киев пешниҳоди сулҳ кард, аммо Зеленский онро рад кард
Раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо дипломатҳои кишвараш гуфт, агар Киев пешниҳодҳои нави сулҳро рад кунад, шартҳо тағйир хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо раҳбарияти вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, агар Киев ва Аврупо аз пешниҳоди нави сулҳи Русия даст кашанд, чуноне ки қаблан буд, шартҳои музокирот тағйир хоҳанд ёфт.
"Ғарб ва Киев роҳеро пеш гирифтанд, ки моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд, аммо, тавре шумо медонед, онҳо дар ин роҳ ноком шуданд. Мо боз як пешниҳоди воқеъии сулҳ пешниход мекунем, агар дар Киев ва пойтахтхои Ғарб мисли пешина онро рад кунанд, масъули идомаи хунрезӣ хоҳанд буд. Дар ин сурат шартҳои оғози музокирот гуногун хоҳад буд”, - гуфт Путин.
Путин афзуд, моҳияти пешниҳоди Русия дар он нест, ки низоъро ба монанди Ғарб мутавақиф созем, баракс ба он ниҳоят хотима диҳем.
"Ва ман бори дигар мегӯям, ҳамон лаҳзае, ки Киев ба ин пешниҳод розӣ шавад ва аз ҶМД ВА ҶМЛ, вилоятҳои Запорожие ва Херсон нерӯҳои худро хориҷ кунад ва ин корро ҳақиқӣ иҷро кунад, мо омодаем бидуни таъхир ба музокирот шуруъ намоед”, - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Дафтари Зеленский пешниҳодҳои Путинро дар бораи музокироти сулҳ рад кард ва гуфт, ки ин ташаббус гӯё маънои даст кашидани Киев аз ҳудуди худ мебошад.
Дафтари Зеленский изҳороти Путин дар бораи музокироти сулҳро як кӯшиши ба даст овардани ташаббус пеш аз нишасти Украина дар Швейтсария арзёбӣ кард.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.