Дар пойтахти Тоҷикистон 36 нуқтаи махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст

Обуна шудан
Рӯйхати ҷойҳои муваққатӣ барои забҳи чорво дар Иди Қурбонро шаҳрдории Душанбе маълум кардааст. Сокинон метавонанд чорворо танҳо дар ин маконҳо забҳ кунанд
Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Бо қарори роҳбарияти Душанбе, дар чор ноҳияи пойтахт 36 ҷойи махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст.
Тибқи рӯйхате, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон гардидааст, аз ҳама беш кушторгоҳҳо дар ноҳияи Сино ташкил шудааст. Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар даҳҳо ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд
Ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ 7 кушторгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Дар ноҳияи Шоҳмансур бошад барои сокинон 8 ҷойи забҳ омода шудааст.
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ имкон доранд 6 ҷойи махсус қурбонӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди Қурбон ба 16 июн рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Намози ид дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0