https://sputnik.tj/20240614/belorus-tajribai-geologhoi-tojik-istifoda-1063214239.html
Белорус мехоҳад аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Белорус мехоҳад аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Sputnik Тоҷикистон
Ояндаи наздик миёни Тоҷикистону Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо хоҳад расид
2024-06-14T15:49+0500
2024-06-14T15:49+0500
2024-06-14T15:49+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
таҷриба
геолог
истифода
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0e/1063214036_123:228:2029:1300_1920x0_80_0_0_1ce0b95b93735ac195fabb667d06702b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ҷониби Беларус тасмим гирифтааст, ки аз таҷрибаи геологҳои тоҷик, хусусан дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонии соҳа истифода барад.Ин масъала дар вохӯрии сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Сергей Масляк баррасӣ гардид.Тавре дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар додааст дар ҷараёни вохӯрӣ густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин, аз ҷумла дар таҳияи асоснокунии иқтисодӣ-техникӣ оид ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ташкил ва гузаронидани корҳои аксбардорию топографӣ барои сохтани харитаҳои геологии насли нав, имконияти омӯзиш ва табодули таҷрибаи кормандон, истифодаи таҷҳизоти геологӣ-геофизикӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардид.Сардори Саридора дар ин дидор дар бораи фаъолият, базаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, шароити корӣ, барномаҳои соҳавӣ, имконияти ба роҳ мондани ҳамкории муштарак ибрози назар кардааст.Дар навбати худ вазири белорусӣ аз дастовардҳои мақомоти геологияи тоҷик, пеш аз ҳама, рақамикунонии соҳа изҳори хушнудӣ карда, барои истифодаи таҷрибаи геологҳои тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак изҳори ҳавасмандӣ кардааст.Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо расонанд.
https://sputnik.tj/20231007/donishgoh-tojikiston-belorus-sozishnoma-imzo-kardand-1059844405.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0e/1063214036_182:0:2002:1365_1920x0_80_0_0_0b344006d5fc76622859295b59341628.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, геологҳо, иоҷик, таҷриба, истифода, ёддошти тафоҳум
тоҷикистон, белорус, геологҳо, иоҷик, таҷриба, истифода, ёддошти тафоҳум
Белорус мехоҳад аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Ояндаи наздик миёни Тоҷикистону Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ҷониби Беларус тасмим гирифтааст, ки аз таҷрибаи геологҳои тоҷик, хусусан дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонии соҳа истифода барад.
Ин масъала дар вохӯрии сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Сергей Масляк баррасӣ гардид.
Тавре дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар додааст дар ҷараёни вохӯрӣ густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин, аз ҷумла дар таҳияи асоснокунии иқтисодӣ-техникӣ оид ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ташкил ва гузаронидани корҳои аксбардорию топографӣ барои сохтани харитаҳои геологии насли нав, имконияти омӯзиш ва табодули таҷрибаи кормандон, истифодаи таҷҳизоти геологӣ-геофизикӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардид.
Сардори Саридора дар ин дидор дар бораи фаъолият, базаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, шароити корӣ, барномаҳои соҳавӣ, имконияти ба роҳ мондани ҳамкории муштарак ибрози назар кардааст.
Дар навбати худ вазири белорусӣ аз дастовардҳои мақомоти геологияи тоҷик, пеш аз ҳама, рақамикунонии соҳа изҳори хушнудӣ карда, барои истифодаи таҷрибаи геологҳои тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак изҳори ҳавасмандӣ кардааст.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо расонанд.