https://sputnik.tj/20240613/tijorat-kishvar-uzv-iiao-tavsea-yoftaast-1063202410.html
Тиҷорати кишварҳои узви ИИАО тавсеа ёфтааст
Тиҷорати кишварҳои узви ИИАО тавсеа ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисоди Русия бо сабти афзоиши додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид кардаст, ки зарфиятҳо ҳанӯз зиёданд
2024-06-13T14:04+0500
2024-06-13T14:04+0500
2024-06-13T14:04+0500
ииао
иттиҳод
иқтисод
авруосиё
тиҷорат
таҳким
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061207043_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_546c178e43be96604424928ef937e009.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мубодилоти мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач зимни конфронси VI байналмилалии "Содирот ба кишварҳои ИИАО-2024", ки дар Новосибирск ҷараён дорад тавассути пайванди видеоӣ баён доштаст. "Дар соли 2023 савдои мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли 2022 беш аз 5% афзоиш ёфта, ба 7,4 трлн рубл расид, ки ин рақами бесобиқа дар даҳ соли мавҷудияти иттиҳод аст ва ман фикр мекунам, ки ин рақам ниҳоӣ нест", - гуфт ӯ. Волвач қайд кард, ки кишварҳои ИИАО ҳам савдои мутақобила ва ҳам савдоро бо кишварҳои сеюм афзоиш медиҳанд. "Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023, дар моҳҳои январ-марти соли 2024, гардиши мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО 7% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ. "Ҳамин тавр, суръати афзоиш дар ин моҳҳо аз соли гузашта баландтар аст, аммо тамоюл хеле ва хеле хуб аст, ки мо тамоми чораҳои имконпазир барои нигоҳ доштани ин тамоюлро андешида истодаем”, - гуфт Волвач.Маврид ба зикр аст, ки ИИАО Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусро шомил мебошад.
https://sputnik.tj/20240612/putin-sozishnoma-dar-borai-tijorati-ozod-miyoni-iiao-va-eronro-ba-tasvib-rasond-1063192379.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061207043_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_a7607f768aea5fc95952d4236108f1ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, додугирифт, мол, кишварҳо, узв, ииао
таҳким, додугирифт, мол, кишварҳо, узв, ииао
Тиҷорати кишварҳои узви ИИАО тавсеа ёфтааст
Вазорати рушди иқтисоди Русия бо сабти афзоиши додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид кардаст, зарфиятҳо ҳанӯз зиёданд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мубодилоти мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач зимни конфронси VI байналмилалии "Содирот ба кишварҳои ИИАО-2024", ки дар Новосибирск ҷараён дорад тавассути пайванди видеоӣ баён доштаст.
"Дар соли 2023 савдои мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли 2022 беш аз 5% афзоиш ёфта, ба 7,4 трлн рубл расид, ки ин рақами бесобиқа дар даҳ соли мавҷудияти иттиҳод аст ва ман фикр мекунам, ки ин рақам ниҳоӣ нест", - гуфт ӯ.
Волвач қайд кард, ки кишварҳои ИИАО ҳам савдои мутақобила ва ҳам савдоро бо кишварҳои сеюм афзоиш медиҳанд.
"Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023, дар моҳҳои январ-марти соли 2024, гардиши мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО 7% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
"Ҳамин тавр, суръати афзоиш дар ин моҳҳо аз соли гузашта баландтар аст, аммо тамоюл хеле ва хеле хуб аст, ки мо тамоми чораҳои имконпазир барои нигоҳ доштани ин тамоюлро андешида истодаем”, - гуфт Волвач.
Маврид ба зикр аст, ки ИИАО Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусро шомил мебошад.