https://sputnik.tj/20240613/chorvo-qurboni-chi-guna-boshad-1063203373.html
Чорвои қурбонӣ бояд чӣ гуна бошад?
Чорвои қурбонӣ бояд чӣ гуна бошад?
Sputnik Тоҷикистон
Иди Қурбон яке аз ду иди аслии мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасаду ба таври густурда дар ҷаҳони ислом таҷлил мегардад
2024-06-13T15:42+0500
2024-06-13T15:42+0500
2024-06-13T15:42+0500
тасвирбаён
иди қурбон
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057960184_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_08812c1a71e1598217abd86248654795.png
Иди Қурбон барои мусалмонҳо аз ибодати дастаҷамъии бомдодӣ ва дуо оғоз шуда, баъдан шодбошию қурбониҳо сурат мегиранд. Дар мавриди чорвое, ки бояд қурбонӣ карда шавад, шариати Ислом бархе талабот муқаррар кардааст.Қурбонӣ кардани чаҳор навъ ҳайвони ҳалоли хонагӣ ҷоиз аст. Аз ҷумла гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нарина бошад ё модина бошад, метавонанд қурбонӣ карда шаванд. Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд.Чорвое, ки як чашмаш кӯр, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехташуда, бегӯш, бечашм, бедум, лоғар, бемор ё ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест. Дар ҳудуди масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имомхатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад. Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057960184_177:0:1137:720_1920x0_80_0_0_b5edcda53143023ef2fc460533ddeee6.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбонӣ чорво иди қурбон
Чорвои қурбонӣ бояд чӣ гуна бошад?
Иди Қурбон яке аз ду иди аслии мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасаду ба таври густурда дар ҷаҳони ислом таҷлил мегардад
Иди Қурбон барои мусалмонҳо аз ибодати дастаҷамъии бомдодӣ ва дуо оғоз шуда, баъдан шодбошию қурбониҳо сурат мегиранд.
Дар мавриди чорвое, ки бояд қурбонӣ карда шавад, шариати Ислом бархе талабот муқаррар кардааст.
Қурбонӣ кардани чаҳор навъ ҳайвони ҳалоли хонагӣ ҷоиз аст. Аз ҷумла гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нарина бошад ё модина бошад, метавонанд қурбонӣ карда шаванд.
Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд.
Чорвое, ки як чашмаш кӯр, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехташуда, бегӯш, бечашм, бедум, лоғар, бемор ё ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест.
Дар ҳудуди масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имомхатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад.
Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад