https://sputnik.tj/20240612/tojikistoniyon-ruzi-idi-qurbon-istirohat-ittifoqi-kasaba-1063193146.html
Тоҷикистониён дар рӯзи Иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд? – Шарҳи Иттифоқҳои касаба
Тоҷикистониён дар рӯзи Иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд? – Шарҳи Иттифоқҳои касаба
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Қурбонро маълум намуд, дар ин радиф Федератсияи Иттифоқҳои касаба рӯзҳои истироҳатиро эълон кард, ки се рӯз аст.
2024-06-12T16:30+0500
2024-06-12T16:30+0500
2024-06-13T11:26+0500
дар тоҷикистон
иди қурбон
истироҳат
иттифоқҳои касаба
иҷтимоъ
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057943909_0:373:2613:1843_1920x0_80_0_0_9398ac62904ab7638c7161e4d37ae334.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон рӯзҳои 15, 16 ва 17 уми июн истироҳат хоҳанд кард.Дар ин бора Мусобек Самеъзода, раиси Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба иттилоъи манбаъ ин рӯзҳои истироҳатиро Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон намудааст.“Бар асоси қонунгузории меҳнат агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад. Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе); 16 июн (якшанбе- Рӯзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд”- гуфт, масъули Иттифоқҳои касаба.Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.Иди Қурбон соли 2024 ба якшанбеи 16 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.Дар ин бора ба Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ ва дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа суханронӣ намоянд.Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад ва рӯзи баъдӣ, ки душанбе аст, истироҳатӣ эълон мешавад.Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
https://sputnik.tj/20240611/sanai-daqiq-id-qurbon-tojikiston-elon-1063180256.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057943909_0:0:2457:1843_1920x0_80_0_0_a723735cce33f11809b377e90417ba4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иди қурбон, истироҳат, шӯрои уламо, иттифоқи касаба
тоҷикистон, иди қурбон, истироҳат, шӯрои уламо, иттифоқи касаба
Тоҷикистониён дар рӯзи Иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд? – Шарҳи Иттифоқҳои касаба
16:30 12.06.2024 (Навсозишуда: 11:26 13.06.2024) Шӯрои уламои Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Қурбонро маълум намуд, дар ин радиф Федератсияи Иттифоқҳои касаба рӯзҳои истироҳатиро эълон кард, ки се рӯз аст.
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон рӯзҳои 15, 16 ва 17 уми июн истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора Мусобек Самеъзода, раиси Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба иттилоъи манбаъ ин рӯзҳои истироҳатиро Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон намудааст.
“Бар асоси қонунгузории меҳнат агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад. Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе); 16 июн (якшанбе- Рӯзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд”- гуфт, масъули Иттифоқҳои касаба.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2024 ба якшанбеи 16 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ ва дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа суханронӣ намоянд.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад ва рӯзи баъдӣ, ки душанбе аст, истироҳатӣ эълон мешавад.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.