Бунёди “Боғи дӯстии зардолу”-и Тоҷикистон дар шаҳри Боку

© Foto / Вазорати кишоварзии ТоҷикистонМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон
Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дорад.
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад дар Озарбойҷон "Боғи дӯстии зардолу" бунёд намояд.
Ин масъала ахиран зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов, ки ба Душанбе барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҳузур дорад, баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи омӯзиши таҷрибаи Озарбойҷон дар самтҳои рақамикунонӣ, Азеркосмос, навъсанҷии зироати кишоварзӣ, ба монанди тухмиҳои зироати ғалладонагии ба хушкӣ тобовар, ангурпарварӣ, чорводорӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзони ду кишвар табодули афкор намуданд.
Сафири Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон ба президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев эътимодномаи худро супорид. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Сафири нави Тоҷикистон эътимодномаашро ба президенти Озарбойҷон супурд
Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дорад.
Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории минбаъда, изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши иқтидори содиротии давлатҳо дар самти кишоварзӣ аз тамоми имконияту роҳҳо истифода намуда, барои ташаккули ҳамкории минбаъда талош хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0