https://sputnik.tj/20240610/anjuman-baynalmilali-piryakhho-dushanbe-kor-shuru-1063160119.html
Анҷумани байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард
Анҷумани байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни форум Харитаи роҳ барои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо 2025 муаррифӣ хоҳад шуд
2024-06-10T13:56+0500
2024-06-10T13:56+0500
2024-06-10T14:16+0500
дар тоҷикистон
пирях
душанбе
об
муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/89/1025378900_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_784b7f84f2b0c0f77800be1f1162ff32.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Анҷумани байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Қайд карда мешавад, ки дар чорабинӣ олимон, коршиносон, намояндагони давлатҳои гуногун ва ҷонибҳои манфиатдор барои баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим ҷамъ омадаанд.Ҳамин тариқ, модератори маросими ифтитоҳи он раҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин хоҳад буд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни форум Харитаи роҳ барои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо 2025 низ муаррифӣ шавад. Дар давоми рӯз дар форум мисолҳо ва лоиҳаҳое, ки ҳамчун саҳм ба ҳадафҳои Соли Байналмилалии Қутбӣ 2025 амалӣ карда мешаванд, инчунин таҷрибаҳои беҳтарин, дарсҳои омӯхташуда ва ҳамоҳангсозии имконпазир муаррифӣ хоҳанд шуд. Қаблан чунин конфронс дар Душанбе ду маротиба, дар солҳои 2018 ва 2022 баргузор гардида буд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ дастгирии Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор", ки дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2016 эълон шудааст, мебошад. Конфронс аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20240226/tojikiston-uzbekiston-nazorati-ob-1061848016.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/89/1025378900_608:0:3000:1794_1920x0_80_0_0_97a05d25fd1ae621856e8093b6cac267.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷумани байналмилал пиряхҳо душанбе кори шурӯъ
анҷумани байналмилал пиряхҳо душанбе кори шурӯъ
Анҷумани байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард
13:56 10.06.2024 (Навсозишуда: 14:16 10.06.2024) Дар ҷараёни форум Харитаи роҳ барои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо 2025 муаррифӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Анҷумани байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кор шурӯъ кард.
Дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки дар чорабинӣ олимон, коршиносон, намояндагони давлатҳои гуногун ва ҷонибҳои манфиатдор барои баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим ҷамъ омадаанд.
Ҳамин тариқ, модератори маросими ифтитоҳи он раҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин хоҳад буд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни форум Харитаи роҳ барои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо 2025 низ муаррифӣ шавад.
Дар давоми рӯз дар форум мисолҳо ва лоиҳаҳое, ки ҳамчун саҳм ба ҳадафҳои Соли Байналмилалии Қутбӣ 2025 амалӣ карда мешаванд, инчунин таҷрибаҳои беҳтарин, дарсҳои омӯхташуда ва ҳамоҳангсозии имконпазир муаррифӣ хоҳанд шуд.
Қаблан чунин конфронс дар Душанбе ду маротиба, дар солҳои 2018 ва 2022 баргузор гардида буд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ дастгирии Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор", ки дар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2016 эълон шудааст, мебошад.
Конфронс аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шудааст.