https://sputnik.tj/20240609/sarvaziri-majoriston-naqshai-gharb-mavridi-rusiya-1063147246.html
Сарвазири Маҷористон нақшаи Ғарб дар мавриди Русияро эълон кард
Сарвазири Маҷористон нақшаи Ғарб дар мавриди Русияро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло бисёриҳо дар Ғарб мехоҳанд ба солҳои 1990 баргарданд, "онҳо орзуи бозсозии бузург дар Шарқро доранд", бовар дорад сарвазири Маҷористон
2024-06-09T17:17+0500
2024-06-09T17:17+0500
2024-06-10T11:34+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
сиёсат
виктор орбан
маҷористон
ғарб
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062504919_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_55b6f09a9d4a7fa5cb8da8c27dfdde37.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд Русияро дар низоъ дар Украина шикасти низомӣ диҳанд, то ба манобеи табииаш даст биёбанд.Ин нуктаро сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар мусоҳиба бо телевизиони Hír изҳор дошт. Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки ин гуна кӯшишҳо аллакай дар солҳои 90-ум сурат гирифта буданд. Ба гуфтаи ӯ, Украина аз манобеъ бой аст, аммо амиқан қарздор аст, шояд ширкатҳои хориҷӣ алакай соҳиби заминҳои ҳосилхез ва дигар дороиҳои иқтисодии он бошанд. Орбан инчунин таъкид кард, ки ҳоло бисёриҳо дар Ғарб мехоҳанд ба солҳои 1990 баргарданд, "дар бораи бозсозии бузург дар Шарқ орзу мекунанд" ва умедворанд, ки муноқиша дар Украина барои ин имконият фароҳам меорад. Ба ақидаи ӯ, таъминкунандагони силоҳ, ҳаннотон қарздеҳони аз ин низоъ аллакай ба фоидаи худ кушиш мекунанд, истифода баранд. Вай афзуд, талош барои шикаст додани Русия дар даргириҳо дар марзаш марҳалаи аввали ин тарҳ аст. Қаблан Виктор Орбан аз хатари ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил ёфтани низоъ дар Украина хабар дода, афзуд ҷаҳон ба ҷое наздик мешавад, ки аз он роҳи бозгашт нест.
https://sputnik.tj/20240608/tirboron-artish-ukraina-kherson-kushta-zakhmi-1063142040.html
ғарб
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062504919_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_33d8ff4626999c5d8a506ae99e0a891e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб, русия, нақша, маҷористон, орбан, захира
ғарб, русия, нақша, маҷористон, орбан, захира
Сарвазири Маҷористон нақшаи Ғарб дар мавриди Русияро эълон кард
17:17 09.06.2024 (Навсозишуда: 11:34 10.06.2024) Ҳоло бисёриҳо дар Ғарб мехоҳанд ба солҳои 1990 баргарданд, "онҳо орзуи бозсозии бузург дар Шарқро доранд", бовар дорад сарвазири Маҷористон
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд Русияро дар низоъ дар Украина шикасти низомӣ диҳанд, то ба манобеи табииаш даст биёбанд.
Ин нуктаро сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар мусоҳиба бо телевизиони Hír изҳор дошт.
Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки ин гуна кӯшишҳо аллакай дар солҳои 90-ум сурат гирифта буданд.
"Вазъият воқеан ин аст, ки раҳбарони низомии ғарбӣ мехоҳанд Русияро дар ҷанг мағлуб кунанд. Нақшаи бузург! Ин қадар одӣ! Аммо барои чӣ? Ва барои пул. Барои сармоя, дороиҳо, нуфуз, чун маъмулӣ", - гуфт Орбан.
Ба гуфтаи ӯ, Украина аз манобеъ бой аст, аммо амиқан қарздор аст, шояд ширкатҳои хориҷӣ алакай соҳиби заминҳои ҳосилхез ва дигар дороиҳои иқтисодии он бошанд.
Орбан инчунин таъкид кард, ки ҳоло бисёриҳо дар Ғарб мехоҳанд ба солҳои 1990 баргарданд, "дар бораи бозсозии бузург дар Шарқ орзу мекунанд" ва умедворанд, ки муноқиша дар Украина барои ин имконият фароҳам меорад.
Ба ақидаи ӯ, таъминкунандагони силоҳ, ҳаннотон қарздеҳони аз ин низоъ аллакай ба фоидаи худ кушиш мекунанд, истифода баранд.
Вай афзуд, талош барои шикаст додани Русия дар даргириҳо дар марзаш марҳалаи аввали ин тарҳ аст.
Қаблан Виктор Орбан аз хатари ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил ёфтани низоъ дар Украина хабар дода, афзуд ҷаҳон ба ҷое наздик мешавад, ки аз он роҳи бозгашт нест.