https://sputnik.tj/20240608/borishot-ziyod-hosil-farovoni-alaf-sughd-gusht-arzon-1063143930.html
Боришоти зиёду ҳосили фаровони алаф дар Суғд. Оё гӯшт арзон мешавад?
Боришоти зиёду ҳосили фаровони алаф дар Суғд. Оё гӯшт арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳисоби фаровонии алаф (хуроки чорво) нархи он дар бозорҳои Суғд коҳиш ёфтааст ва ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ин ба қимати гӯшт чӣ таъсир мерасонад
2024-06-08T17:15+0500
2024-06-08T17:15+0500
2024-06-10T11:50+0500
дар тоҷикистон
суғд
чорво
чарогоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063138762_0:100:1280:820_1920x0_80_0_0_2dc2ebc9b9a54e23a2b8deba1302001c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Кишоварзони Суғд, мегуянд аз таъсири боронҳои пайдарпайи баҳорӣ қимати беда, хуроки чорво дар бозорҳо арзон шудааст.Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло дар бозорҳои хуроки чорво дар шимоли Тоҷикистон нархи як банд ё преси беда (юнучқа) то 20 – 22 сомонӣ поён шудааст. Соли гузашта дар ҳамин вақт қимати ин навъ хуроки чорво беш аз 28-30 сомонӣ гуфта мешуд. Неъматулло Абдуллозода, як тан аз кишоварзон дар ноҳияи Спитамен мегӯяд, ба фарқ аз соли гузашта, имсол аз ҳисоби боронҳои баҳорӣ майдонҳои кишт ва чарогоҳҳои зарду ташналаб сералаф шудаанд. Беда ва ё юнучқа яке аз муҳимтарин хуроки чорво дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки парвариши он маъмулан дар заминҳои навоҳӣ ба роҳ монда мешавад. Адами тағйирёбии иқлим ва мушкилии хушкшавии табиат тайи ду се соли охир нархи он дар бозорҳо ба таври рекордӣ то ба 40 сомонӣ дакка зада ва ба афзоиши нархи чорво низ бетаъсир намонд. Ҳоло, ки ҳосили чарогоҳҳо фаровон шудааст, ин савол беш аз ҳама матраҳ мегардад, ки оё нархи чорво ва гӯшт дар бозорҳо арзон мешавад? Шокирҷон Маъруфов, яке аз чорвопарварон дар деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арзиши чорвои шохдори калон ва майдаро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Бино ба гуфти ӯ, зимнан дар молбозорҳои Суғд, як гусолаи як сола ва ё барра бо нархҳои 5 – 6 ҳазор сомонӣ ва 1 – 1, 5 ҳазор сомонӣ харидуфурӯш мешавад. “Ман, қариб ҳар моҳ ба молбозори Хуҷанд рафта ва мол харидуфурӯш мекунам. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман тайи ду се соли охир, нархи чорвои калон ва ҳам майда то 10 -12 % фоиз баланд шудааст”, – гуфт, Маъруфов. Ҳоло дар бозорҳои Суғд фурӯши як кило гӯшти устухондор 65 – 75 сомонӣ ва гӯшти лаҳм ба 75 – 85 сомонӣ боло шуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 10 – 12 сомонӣ баланд гуфта мешавад. Қассобону гӯштфурӯшон сабаби болоравии нархро ба арзиши кунҷора рабт медиҳанд.
https://sputnik.tj/20240227/tahlili-narkhho-tojikiston-gazu-shakar-1061851182.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063138762_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_d49822b1b96c9b5a7b53d30d8e37a49b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боришот ҳосил фаровон алаф суғд гӯшт арзон
боришот ҳосил фаровон алаф суғд гӯшт арзон
Боришоти зиёду ҳосили фаровони алаф дар Суғд. Оё гӯшт арзон мешавад?
17:15 08.06.2024 (Навсозишуда: 11:50 10.06.2024) Эксклюзив
Аз ҳисоби фаровонии алаф (хуроки чорво) нархи он дар бозорҳои Суғд коҳиш ёфтааст ва ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ин ба қимати гӯшт чӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Кишоварзони Суғд, мегуянд аз таъсири боронҳои пайдарпайи баҳорӣ қимати беда, хуроки чорво дар бозорҳо арзон шудааст.
Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло дар бозорҳои хуроки чорво дар шимоли Тоҷикистон нархи як банд ё преси беда (юнучқа) то 20 – 22 сомонӣ поён шудааст.
Соли гузашта дар ҳамин вақт қимати ин навъ хуроки чорво беш аз 28-30 сомонӣ гуфта мешуд.
Неъматулло Абдуллозода, як тан аз кишоварзон дар ноҳияи Спитамен мегӯяд, ба фарқ аз соли гузашта, имсол аз ҳисоби боронҳои баҳорӣ майдонҳои кишт ва чарогоҳҳои зарду ташналаб сералаф шудаанд.
“Фасли сармо қариб хушку бебориш сипарӣ шуд ва бисёриҳо фикр мекарданд, ки баҳорон ҳаво гарм шуда теппаву чарогоҳҳо зуд зарду хушк мешаванд. Вале боронҳои пайдарҳами баҳорӣ саривақт шуд ва ҳосили беда ҳам хуб гардид”,- зикр кард, кишоварз.
Беда ва ё юнучқа яке аз муҳимтарин хуроки чорво дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки парвариши он маъмулан дар заминҳои навоҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Адами тағйирёбии иқлим ва мушкилии хушкшавии табиат тайи ду се соли охир нархи он дар бозорҳо ба таври рекордӣ то ба 40 сомонӣ дакка зада ва ба афзоиши нархи чорво низ бетаъсир намонд.
Ҳоло, ки ҳосили чарогоҳҳо фаровон шудааст, ин савол беш аз ҳама матраҳ мегардад, ки оё нархи чорво ва гӯшт дар бозорҳо арзон мешавад?
Шокирҷон Маъруфов, яке аз чорвопарварон дар деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арзиши чорвои шохдори калон ва майдаро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Бино ба гуфти ӯ, зимнан дар молбозорҳои Суғд, як гусолаи як сола ва ё барра бо нархҳои 5 – 6 ҳазор сомонӣ ва 1 – 1, 5 ҳазор сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
“Ман, қариб ҳар моҳ ба молбозори Хуҷанд рафта ва мол харидуфурӯш мекунам. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман тайи ду се соли охир, нархи чорвои калон ва ҳам майда то 10 -12 % фоиз баланд шудааст”, – гуфт, Маъруфов.
Ҳоло дар бозорҳои Суғд фурӯши як кило гӯшти устухондор 65 – 75 сомонӣ ва гӯшти лаҳм ба 75 – 85 сомонӣ боло шуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 10 – 12 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Қассобону гӯштфурӯшон сабаби болоравии нархро ба арзиши кунҷора рабт медиҳанд.