Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Роҳ ба минтақаи стратегӣ: пешравии артиши Русия дар Часов Яр

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоевое дежурство ЗРК "Тор-М2" ЦВО в зоне спецоперации
Боевое дежурство ЗРК Тор-М2 ЦВО в зоне спецоперации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2024
Обуна шудан
Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар минтақаи Часов Яр, ки дар баландӣ ҷойгир шудаву макони стратегӣ аст, пеш рафта, озодкунии онро давом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия пешравиро дар Часов Яр идома дода, ин маҳали истиқоматиро озод мекунанд.
Дар ин бора раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск Денис Пушилин дар мусоҳиба бо РИА "Новости" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт.
"Дар Часов Яр мо мебинем, ки нерӯҳои мо озодкунии ин шаҳракро давом медиҳанд. Мо мефаҳмем ва мебинем, ки ин дар шароити хеле душвор руй медиҳад, вале вазифа гузошта шудааст ва сарбозон онро амалӣ месозанд. Баъзе муваффакиятхо дида мешаванд. ”- гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки Вазорати мудофиа аз воқеахои ҷабҳа ба таври доимӣ ва муфассал "бе воҳимаи пешакӣ " хабар медиҳад.
"Ин барои он аст, ки ба бачаҳо зарар расонда нашавад ва маълумотеро, ки душман аз он истифода бурда метавонад, ошкор нагардад,"- гуфт Пушилин.
Здание Министерства иностранных дел РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Вазорати корҳои хориҷии Русия: "Раванди русизудоӣ дар Украина ба авҷи аъло расидаст"
Часов Яр аҳамияти калони оперативӣ ва стратегӣ дорад. Он дар баландӣ ҷойгир буда, ба бузургтарин минтақаҳои Ҷумҳурии Донетск Славянско-Краматорская ва инчунин ба Константиновка, ки таҳти назорати нерӯҳои Украина қарор доранд, роҳ мекушояд.
Пушилин қаблан дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфта буд, ки ӯ ба пешравии нерӯҳои Русия дар самти Часов Яр хушбин аст, ки аскарон аллакай дар дохили шаҳр амал мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0