https://sputnik.tj/20240606/davron-garmkhona-tavlidot-yak-barobar-afzud-1063112312.html
“Даврони гармхона”: тавлидот қариб як баробар афзуд
“Даврони гармхона”: тавлидот қариб як баробар афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза шумора ва майдони гармхонаҳоро зиёд кардаанд, ки боиси фаровонии бозор ва афзоиши содирот шудааст
2024-06-06T10:55+0500
2024-06-06T10:55+0500
2024-06-06T13:55+0500
дар тоҷикистон
вазорати кишоварзӣ
гармхона
истеҳсол
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103051/34/1030513480_0:0:3083:1734_1920x0_80_0_0_a29c225ac12fc8fe0bf527af482ffc3d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши қариб якбаробарии тавлидоти сабзавот дар гармхонаҳо хабар дод. Дар пайи ин на фақат содироти тавлидоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон афзудааст, балки бозори дохилӣ низ бо ин навъи маҳсулот таъмин шудааст. Лоиқ Тӯйчиев, сардори Маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тайи як соли гузашта теъдоди ҳам гармхонаҳои доимӣ ва ҳам мавсимӣ, бахусус, дар вилоятҳои Хатлону Суғд зиёд шудаанд. Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳолати 30 майи соли равон шумораи гармхонаҳои доимӣ 1038 адад буда, майдони кишти 172 гектарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 50 гектар зиёд аст ва аз онҳо 2 ҳазору 952,5 тон(помидор - 914,8, бодиринг - 650,3 ва дигар сабзавотҳо – 1 ҳазору 387,4) сабзавот ба даст омадааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта баробар ба 17 ҳазору 84 тон буд. Бино ба ин манбаъ, дар ин муддат дар гармхонаҳои мавсимӣ майдони 1 ҳазору 898 гектар кишт шуда, 29 ҳазору 562,8 (помидор – 6 ҳазору 612, бодиринг – 9 ҳазору 995 ва дигар сабзавотҳо – 12 ҳазору 955,4) тон сабзавот тавлид шудааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли 2023 15 ҳазору 444 тонро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол, қимати маҳсулоти кишоварзӣ, дар навбати аввал, помидору бодиринг низ дар бозорҳои дохилӣ пойин омада, вобаста ба навъи худ бодиринг аз 3 то 5 сомонӣ ва помидор аз 8 то 15 сомонӣ арзиш дорад. Қаблан вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар чаҳор моҳи аввали соли равон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 4,5 ҳазор тон ба маблағи 8,1 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 аз рӯи ҳаҷм 79 тон ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 2,4 миллион доллар зиёд аст. Бино ба ин манбаъ, беш аз 50% - и саҳм дар ин содиротро маҳсулоти гармхонаҳо ташкил мекунанд, зеро кайфияти баланду таъми хуб доранд.
https://sputnik.tj/20240525/tojikiston-mablaghi-besh-mlrd-somoni-mahsulot-sodirot-1062977067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103051/34/1030513480_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_02a94c1f93dca6ebe2d59af31b174195.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармхона тавлидот афзоиш тоҷикистон
гармхона тавлидот афзоиш тоҷикистон
“Даврони гармхона”: тавлидот қариб як баробар афзуд
10:55 06.06.2024 (Навсозишуда: 13:55 06.06.2024) Дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза шумора ва майдони гармхонаҳоро зиёд кардаанд, ки боиси фаровонии бозор ва афзоиши содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши қариб якбаробарии тавлидоти сабзавот дар гармхонаҳо хабар дод.
Дар пайи ин на фақат содироти тавлидоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон афзудааст, балки бозори дохилӣ низ бо ин навъи маҳсулот таъмин шудааст.
Лоиқ Тӯйчиев, сардори Маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тайи як соли гузашта теъдоди ҳам гармхонаҳои доимӣ ва ҳам мавсимӣ, бахусус, дар вилоятҳои Хатлону Суғд зиёд шудаанд.
“Ҳарчанд гармхонаҳои доимӣ, ки тамоми сол фаъолият мекунанд, дар тавлидоти умумӣ саҳми кам доранд, қариб як баробар тавлидоти хешро афзойиш додаанд. Гармхонаҳои мавсимӣ ҳам саҳми бузург дар тавлидоти умумӣ доранд ва ҳам ба теъдод зиёд шудаанд”, - гуфт Лоиқ Тӯйчиев.
Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ба ҳолати 30 майи соли равон шумораи гармхонаҳои доимӣ 1038 адад буда, майдони кишти 172 гектарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 50 гектар зиёд аст ва аз онҳо 2 ҳазору 952,5 тон(помидор - 914,8, бодиринг - 650,3 ва дигар сабзавотҳо – 1 ҳазору 387,4) сабзавот ба даст омадааст.
Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта баробар ба 17 ҳазору 84 тон буд.
Бино ба ин манбаъ, дар ин муддат дар гармхонаҳои мавсимӣ майдони 1 ҳазору 898 гектар кишт шуда, 29 ҳазору 562,8 (помидор – 6 ҳазору 612, бодиринг – 9 ҳазору 995 ва дигар сабзавотҳо – 12 ҳазору 955,4) тон сабзавот тавлид шудааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли 2023 15 ҳазору 444 тонро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, қимати маҳсулоти кишоварзӣ, дар навбати аввал, помидору бодиринг низ дар бозорҳои дохилӣ пойин омада, вобаста ба навъи худ бодиринг аз 3 то 5 сомонӣ ва помидор аз 8 то 15 сомонӣ арзиш дорад.
Қаблан вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар чаҳор моҳи аввали соли равон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 4,5 ҳазор тон ба маблағи 8,1 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 аз рӯи ҳаҷм 79 тон ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 2,4 миллион доллар зиёд аст.
Бино ба ин манбаъ, беш аз 50% - и саҳм дар ин содиротро маҳсулоти гармхонаҳо ташкил мекунанд, зеро кайфияти баланду таъми хуб доранд.