Замони гирифтани мақоми нозирии Эрон дар ИИАО маълум шуд

© AP / Vahid SalemiГосударственный флаг Ирана в Тегеране. Архивное фото
Государственный флаг Ирана в Тегеране. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Обуна шудан
Русия аз кишварҳои ИИАО даъват кард, ки созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷорат бо Эронро ҳарчи зудтар ба тасвиб расонанд, чун Теҳрон моил ба ҳамкориҳост
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Эрон метавонад аллакай дар охири соли равон мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро соҳиб шавад.
Ин нуктаро муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар пайи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск баён дошт.
"Равандҳои муайян вуҷуд доранд, агар онҳо риоя шаванд, аслан тасмим дар бораи мақоми нозирии Эрон дар ИИАО метавонад дар охири моҳи декабри ҳамин сол гирифта шавад", - гуфт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки расман дархосташ барои гирифтани мақоми нозириро дар ИИАО охири моҳи май пешниҳод кардааст.
Визит премьер-министра Михаила Мишустина в Белоруссию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Мишустин хостори механизми ягонаи танзим дар ИИАО бо ҷалби кишварҳои ИДМ шуд
Сарвазири Русия, Михаил Мишустин дар доираи нишаст дар Минск инчунин аз кишварҳои узви ИИАО даъват намуд, ки Созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷорат бо Эронро ҳарчи зудтар ба тасвиб расонанд, чун худи Теҳрон моил ба таҳкими ҳамкориҳо мебошад.
Мишустин ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИИАО дар соҳаи нақлиёт изҳори умед карда, афзуд, ки иттиҳодия дар бораи системаи ягонаи транзити гумрукӣ мувофиқат кунад.
Дар Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё, ҷониби Белорус пешниҳод кард, ки масъалаи эътирофи имзоҳои электронӣ дар ИИАО ниҳоят ҳал карда шавад. Ҷониби Қазоқистон рушди рақамикунониро дар фазои ИИАО таъкид намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки ИИАО созмони ҳамгироии минтақавӣ мебошад, ки феълан Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон узви он мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0