Маълум шуд, ки намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистонро кӣ раҳбарӣ мекунад

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеАндрей Валерьевич Патрушев
Андрей Валерьевич Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Обуна шудан
Роҳбари навтаъини Россотрудничество УрФУ ва Донишгоҳи давлатии техникии Урал -ро хатм карда, дар вазифаҳои калидии соҳаи маориф кор кардааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Андрей Патрушев раҳбарии намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти “Хонаи русӣ” дар Душанбе хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки Андрей Валерйевич Патрушев 7 апрели соли 1981 таваллуд шудааст.
Россотрудничество дар шаҳри Турсунзода маркази истеъдодҳо ё худ зарфиятҳо кушод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Ифтитоҳи нахустин маркази зарфиятҳои "Россотрудничество" дар Тоҷикистон - видео
Ӯ Донишгоҳи федералии Урал ба номи нахустин Президенти Русия Б.Н. Елтсинро хатм кардааст.
Таъкид карда мешавад, ки Патрушев дар солҳои гуногуни фаъолияти худ дар УрФУ ва Донишгоҳи давлатии Тюмен дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва фаъолияти байналмиллалӣ иҷро кардааст.
Лентаи хабарҳо
0