Эълони қурби се асъори серистеъмол дар Тоҷикистон: кадоме гарон шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Обуна шудан
Қимати асъорҳои хориҷии нисбатан серисттеъмол дар бозори Тоҷикистон эълон шуд, ки рубли русӣ поину евро ва доллари амрикоӣ гарон шудаанд
Эълони қурби се асъори серисттеъмол дар Тоҷикистон: кадоме гарон шуд?
Қимати асъорҳои хориҷии нисбатан серисттеъмол дар бозори Тоҷикистон эълон шуд, ки рубли русӣ поину евро ва доллари амрикоӣ гарон шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Арзиши рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон ҳафтаро бо коҳишёбӣ оғоз кард.
Ҳазор рубли Русия феълан 119,5 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди охири ҳафтаи гузашта 0,4 сомонӣ камтар аст.
Пули русӣ баъди каме болоравиҳо сар аз рӯзи 30 май майл ба коҳиш ниҳодаст.
Асъори амрикоӣ ва аврупоӣ бошанд, майли гаронӣ доранд. Феълан дар бозори арзи кишвар доллари ИМА - 10.7635 сомонӣ ва евро - 11. 6827 сомонӣ қимат дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.7635 то 10.7600 сомонӣ, евро аз 11.6827 то 11.6800 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия 119,5 то 120 сомонӣ муқаррар шудаст.
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазируфта намешавад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музди меҳнат мегиранд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0