https://sputnik.tj/20240602/kennedi-bayden-mahkum-jang-rusiya-devonagi-1063065720.html
Кеннеди хурдӣ Байденро маҳкум кард ва ҷанг бо Русияро "девонагӣ" номид
Кеннеди хурдӣ Байденро маҳкум кард ва ҷанг бо Русияро "девонагӣ" номид
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан вазорати хориҷаи Амрико гуфта буд, ки раисиҷумҳур ба Украина иҷоза додааст, то аз аслиҳаи амрикоӣ барои мубориза бо ҳадафҳо дар Русия истифода кунад
2024-06-02T15:40+0500
2024-06-02T15:40+0500
2024-06-03T11:31+0500
амрико
сиёсат
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/03/1063071657_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c6f030c6b50a6ab77a3674aa2437b3b2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Номзади мустақили президенти ИМА Роберт Кеннеди хурдӣ дар шабакаи иҷтимоии X қарори раисиҷумҳур Ҷо Байденро дар бораи иҷозаи бо силоҳи амрикоӣ ҳамла карани Украина ба қаламрави Русия маҳкум кард ва ин иқдомро "авҷи девонагӣ" номид.Ҷанги ИМА алайҳи Русия ба хотири ҳифзи режими Владимир Зеленский девонагӣ хоҳад буд, гуфт Роберт Кеннеди хурдӣ. "Таҳқиқоти Пентагон нишон медиҳад, ки 90 млн амрикоиҳо дар чанд дақиқаи аввали ҷанги ҳастаӣ кушта мешаванд ва ҳамчунин 90 млн дигар дар шаш моҳи оянда. Шояд ин рақам бештар ҳам бошад", - гуфт ӯ. Киев рӯзи ҷумъа аз Иёлоти Муттаҳида паём гирифт, ки имкони истифодаи аслиҳаи амрикоиро барои ҳамла ба қаламрави Русия истифода кунад, гуфт Зеленский ва мундариҷаи ин паёмро "қадам ба пеш" номид, аммо бидуни ироаи ҷузъиёт. Қаблан намояндаи Департаменти давлатӣ ба РИА Новости гуфта буд, ки президенти ИМА Ҷо Байден ба Украина иҷозат дод, ки силоҳи амрикоиро алайҳи ҳадафҳо дар қаламрави Русия, ки ба минтақаи Харков таҳдид мекунанд, истифода барад, аммо истифода аз ATACMS-ро ҳамоно нагирифтанд.Тавре Wall Street Journal рӯзи ҷумъа бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар дод, Иёлоти Муттаҳида ба Киев иҷоза медиҳад, ки аз HIMARS MLRS, системаҳои мушакии GMLRS ва артиллерия барои ҳамла ба қаламрави Русия дар наздикии вилояти Харков истифода кунад. Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг қайд кард, ки баъзе муттаҳидон, аз ҷумла Британияи Кабир, дар пасманзари баҳсҳо дар бораи иҷозаи лағви маҳдудиятҳои кишварҳои паймон аз Киев дар мавриди истифода аз силоҳи ғарбӣ барои ҳамла ба қаламрави Русия ба Украина аслиҳаи худро “бе ягон маҳдудият” интиқол додаанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки намояндагони кишварҳои НАТО бояд огоҳ бошанд, ки онҳо бо чӣ бозӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240601/siyosatshinos-faronsa-payomadho-tahrimho-zidd-rusiya-1063055300.html
амрико
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/03/1063071657_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_8d32d71bada4122d55ba6b5435fadd3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико русия украина байден кеннеди хурдӣ сиёсат
амрико русия украина байден кеннеди хурдӣ сиёсат
Кеннеди хурдӣ Байденро маҳкум кард ва ҷанг бо Русияро "девонагӣ" номид
15:40 02.06.2024 (Навсозишуда: 11:31 03.06.2024) Қаблан вазорати хориҷаи Амрико гуфта буд, ки раисиҷумҳур ба Украина иҷоза додааст, то аз аслиҳаи амрикоӣ барои мубориза бо ҳадафҳо дар Русия истифода кунад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Номзади мустақили президенти ИМА Роберт Кеннеди хурдӣ дар шабакаи иҷтимоии X қарори раисиҷумҳур Ҷо Байденро дар бораи иҷозаи бо силоҳи амрикоӣ ҳамла карани Украина ба қаламрави Русия маҳкум кард ва ин иқдомро "авҷи девонагӣ" номид.
"Боз як авҷгирии девонагӣ аз ҷониби маъмурияти Байден. Ба Украина иҷозат шуд то ба ҳадафҳо дар Русия зарба зада шавад. Бо силоҳи мо", - тавзеҳ дод ин сиёсатмадор тасмими Байденро.
Ҷанги ИМА алайҳи Русия ба хотири ҳифзи режими Владимир Зеленский девонагӣ хоҳад буд, гуфт Роберт Кеннеди хурдӣ.
"Таҳқиқоти Пентагон нишон медиҳад, ки 90 млн амрикоиҳо дар чанд дақиқаи аввали ҷанги ҳастаӣ кушта мешаванд ва ҳамчунин 90 млн дигар дар шаш моҳи оянда. Шояд ин рақам бештар ҳам бошад", - гуфт ӯ.
Киев рӯзи ҷумъа аз Иёлоти Муттаҳида паём гирифт, ки имкони истифодаи аслиҳаи амрикоиро барои ҳамла ба қаламрави Русия истифода кунад, гуфт Зеленский ва мундариҷаи ин паёмро "қадам ба пеш" номид, аммо бидуни ироаи ҷузъиёт.
Қаблан намояндаи Департаменти давлатӣ ба РИА Новости гуфта буд, ки президенти ИМА Ҷо Байден ба Украина иҷозат дод, ки силоҳи амрикоиро алайҳи ҳадафҳо дар қаламрави Русия, ки ба минтақаи Харков таҳдид мекунанд, истифода барад, аммо истифода аз ATACMS-ро ҳамоно нагирифтанд.
Тавре Wall Street Journal рӯзи ҷумъа бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар дод, Иёлоти Муттаҳида ба Киев иҷоза медиҳад, ки аз HIMARS MLRS, системаҳои мушакии GMLRS ва артиллерия барои ҳамла ба қаламрави Русия дар наздикии вилояти Харков истифода кунад.
Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг қайд кард, ки баъзе муттаҳидон, аз ҷумла Британияи Кабир, дар пасманзари баҳсҳо дар бораи иҷозаи лағви маҳдудиятҳои кишварҳои паймон аз Киев дар мавриди истифода аз силоҳи ғарбӣ барои ҳамла ба қаламрави Русия ба Украина аслиҳаи худро “бе ягон маҳдудият” интиқол додаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки намояндагони кишварҳои НАТО бояд огоҳ бошанд, ки онҳо бо чӣ бозӣ мекунанд.