https://sputnik.tj/20240601/hukumati-tojikiston-vurud-qalamravi-jumhuri-1063063724.html
Ҳукумати Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ҷумҳуриро осон мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ҷумҳуриро осон мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон дар бораи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шуда, барои баррасӣ ба парлумон ирсол гардиданд
2024-06-01T18:30+0500
2024-06-01T18:30+0500
2024-06-01T18:30+0500
дар тоҷикистон
сарҳад
давлатӣ
гузаргоҳ
зиёд шуд
фаъолият
фурудгоҳ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833156_0:1:3000:1689_1920x0_80_0_0_45066b75e53b12cfb19c58c3e067a00f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирот ба қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуда, ба Маҷлиси намояндагони кишвар фиристодаст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, мутобиқи тағйиру илова ба қонуни ҷумҳурӣ дар бораи Сарҳади давлатӣ убури мусофирон аз хатти сарҳад дар фурудгоҳҳо аз тариқи дарвозаҳои электронӣ сурат мегирад. Ин иқдом боиси сода гардидани низоми гузашт ва сарфаи вақт барои мусофирон ва ҳам сарҳадбонон мешавад, афзуд манбаъ. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарҳадбонон гуфт, ҳар рӯз тавассути роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони зиёд ворид мешаванд ва шумораи онҳо сол ба сол афзуда истодааст."Баробари дохил шудан ба қаламрави мамлакат аввалин касе, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, маҳз сарҳадбон мебошад ва ин ҳолат дар ташаккули тасаввуроти аввалини онҳо дар бораи кишвар ва миллати мо хеле муҳим аст", - гуфт ӯ. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар қаламрави кишвар 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, 5 гузаргоҳи ҳавоӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 25 гузаргоҳи автомобилӣ ва 1 гузаргоҳи дарёӣ фаъолият дорад.Аз ин шумора 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ ва 10 гузаргоҳ дуҷониба мебошад.
https://sputnik.tj/20240529/sohibkoron-tojik-himoya-marz-iqdom-guna-1063013261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833156_374:0:2626:1689_1920x0_80_0_0_82dc8b260892d482028f0d0301dbd077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, қонун, сарҳад, тоҷикистон, афзоиш, ҳамкорӣ
тағйирот, қонун, сарҳад, тоҷикистон, афзоиш, ҳамкорӣ
Ҳукумати Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ҷумҳуриро осон мекунад
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон дар бораи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шуда, барои баррасӣ ба парлумон ирсол гардиданд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирот ба қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуда, ба Маҷлиси намояндагони кишвар фиристодаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, мутобиқи тағйиру илова ба қонуни ҷумҳурӣ дар бораи Сарҳади давлатӣ убури мусофирон аз хатти сарҳад дар фурудгоҳҳо аз тариқи дарвозаҳои электронӣ сурат мегирад.
Ин иқдом боиси сода гардидани низоми гузашт ва сарфаи вақт барои мусофирон ва ҳам сарҳадбонон мешавад, афзуд манбаъ.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарҳадбонон гуфт, ҳар рӯз тавассути роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони зиёд ворид мешаванд ва шумораи онҳо сол ба сол афзуда истодааст.
"Баробари дохил шудан ба қаламрави мамлакат аввалин касе, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, маҳз сарҳадбон мебошад ва ин ҳолат дар ташаккули тасаввуроти аввалини онҳо дар бораи кишвар ва миллати мо хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар қаламрави кишвар 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, 5 гузаргоҳи ҳавоӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 25 гузаргоҳи автомобилӣ ва 1 гузаргоҳи дарёӣ фаъолият дорад.
Аз ин шумора 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ ва 10 гузаргоҳ дуҷониба мебошад.