https://sputnik.tj/20240531/shahboz-abror-rasman-raisi-hizbi-demokrat-1063046948.html
Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон сабт шуд
Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон сабт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор баровардааст, ки Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад
2024-05-31T18:18+0500
2024-05-31T18:18+0500
2024-05-31T18:18+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳизб
ҳизби демократ
тағйирот
кадрӣ
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062817542_0:238:720:643_1920x0_80_0_0_5eed8641c9c8cfec84ce5aeb139756ea.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди интихоби раиси нав, аз сӯи Вазорати адлияи кишвар тасдиқ шудаст. Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 20 рӯзи омӯзиш нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр сабт кардаст, иттилоъ доданд аз ҳизби мазкур. Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад, омадааст дар қарори Вазорат. Қаблан Шаҳбози Аброр, раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуда буд. Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари қаблии ҳизби мазкур ин қарорро номақбул хонда, изҳор дошта буд, ки қарори мақомоти марбутаро мунтазир мешавад. Шаҳбози Аброр гуфт, вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳем кард.Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
https://sputnik.tj/20240321/vakil-parlumon-tojikiston-intikhobot-prezidentii-rusiya-sharh-1062139861.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062817542_0:170:720:710_1920x0_80_0_0_4c109d6f7ace75566824d7e4da40cc53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳимоят, раис, ҳизб, демократ, тоҷикистон, оиннома
ҳимоят, раис, ҳизб, демократ, тоҷикистон, оиннома
Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон сабт шуд
Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор баровардааст, ки Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди интихоби раиси нав, аз сӯи Вазорати адлияи кишвар тасдиқ шудаст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 20 рӯзи омӯзиш нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр сабт кардаст, иттилоъ доданд аз ҳизби мазкур.
Ҳизби демократи кишвар минбаъд фаъолияти худро таҳти раёсати ҷадид тибқи оиннома идома диҳад, омадааст дар қарори Вазорат.
Қаблан Шаҳбози Аброр, раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуда буд. Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари қаблии ҳизби мазкур ин қарорро номақбул хонда, изҳор дошта буд, ки қарори мақомоти марбутаро мунтазир мешавад.
Шаҳбози Аброр гуфт, вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳем кард.
Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.