https://sputnik.tj/20240529/khazina-kuh-baland-afzoyish-tavlidoti-maodin-1063018645.html
"Хазинаҳои куҳҳои баланд": афзоиши тавлидоти маодин дар арқом
"Хазинаҳои куҳҳои баланд": афзоиши тавлидоти маодин дар арқом
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон тайи чаҳор моҳи соли равон ба натиҷаҳои боло даст ёфтаанд
2024-05-29T13:55+0500
2024-05-29T13:55+0500
2024-05-29T13:55+0500
дар тоҷикистон
саноат
тавлидот
куҳҳо
маҳсулот
зиёд шудан
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101715/65/1017156594_0:57:1600:957_1920x0_80_0_0_4710b1c49dd81193b2babd9682aaa2dd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тавлидоти маодин дар Тоҷикистон тайи чормоҳаи аввали соли равон ар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта онҳо беш аз 18% афзудаанд. Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар чор моҳи соли 2024 ба маблағи қариб 4,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 667 млн сомонӣ ё қариби 19% зиёд аст, гуфт масъули матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Муҳаммадвалишоҳ Махшулов ба Sputnik Тоҷикистон. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта ширкати “Зарафшон” бо ҷалби беш аз 119 млн доллари ИМА корхонаи металлургии истеҳсоли миси металиро фаъол кард, ки бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, хаттҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ, ба талаботи “Иқтисоди сабз” мутобиқ аст. Инчунин 5 июли соли 2023 дар мавзеи Дуобаи Шарқии ноҳияи Айнии вилояти Суғд Фабрикаи бойгардонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ" бо иқтидори лоиҳавии коркарди 900 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба фаъолият оғоз намуд.Ин ширкат истихроҷи маъдан аз ду кон - "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" - ро низ дар ноҳияи Айнӣ ба роҳ монд. Кони “Кумарғи Боло” дар баландии қариб 4 ҳазор метр ва "Дуобаи Шарқӣ" дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Соли гузашта бунёди марҳилаи дуюми сохтмони корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси ширкати “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 43 млн доллар оғоз шуд. Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 21 ширкат дар соҳаи истихроҷу коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки 7 адади онҳо бо ҷалби сармояи Чин фаълоият дорад. Дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҳудуди 12,5 ҳазор нафар машғули коранд, ки аз ин шумора 11,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Чин мебошанд.
https://sputnik.tj/20240525/hushdori-rahmon-tamini-tojikistoniyon-ghizoi-vatani-1062971520.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101715/65/1017156594_151:0:1574:1067_1920x0_80_0_0_d877893c9e29e00f26268e54587535a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикисон, афзоиш, тавлидот, маҳсулот, саноат, куҳӣ
тоҷикисон, афзоиш, тавлидот, маҳсулот, саноат, куҳӣ
"Хазинаҳои куҳҳои баланд": афзоиши тавлидоти маодин дар арқом
Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон тайи чаҳор моҳи соли равон ба натиҷаҳои боло даст ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тавлидоти маодин дар Тоҷикистон тайи чормоҳаи аввали соли равон ар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта онҳо беш аз 18% афзудаанд.
Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар чор моҳи соли 2024 ба маблағи қариб 4,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 667 млн сомонӣ ё қариби 19% зиёд аст, гуфт масъули матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Муҳаммадвалишоҳ Махшулов ба Sputnik Тоҷикистон.
“Ин қабл аз ҳама ба афзойиши зарфияти корхонаҳо ва ҳам эҷоди самтҳои нав дар кори онҳо вобаста аст”, - гуфт Махшулов.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта ширкати “Зарафшон” бо ҷалби беш аз 119 млн доллари ИМА корхонаи металлургии истеҳсоли миси металиро фаъол кард, ки бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, хаттҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ, ба талаботи “Иқтисоди сабз” мутобиқ аст.
Инчунин 5 июли соли 2023 дар мавзеи Дуобаи Шарқии ноҳияи Айнии вилояти Суғд Фабрикаи бойгардонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ" бо иқтидори лоиҳавии коркарди 900 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба фаъолият оғоз намуд.
Ин ширкат истихроҷи маъдан аз ду кон - "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" - ро низ дар ноҳияи Айнӣ ба роҳ монд. Кони “Кумарғи Боло” дар баландии қариб 4 ҳазор метр ва "Дуобаи Шарқӣ" дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.
Соли гузашта бунёди марҳилаи дуюми сохтмони корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси ширкати “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 43 млн доллар оғоз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 21 ширкат дар соҳаи истихроҷу коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки 7 адади онҳо бо ҷалби сармояи Чин фаълоият дорад.
Дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҳудуди 12,5 ҳазор нафар машғули коранд, ки аз ин шумора 11,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Чин мебошанд.