https://sputnik.tj/20240529/iiao-dastovard-tajlil-1063020456.html
ИИАО 10-солагияшро бо чӣ дастовардҳо таҷлил мекунад?
ИИАО 10-солагияшро бо чӣ дастовардҳо таҷлил мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар тӯли 10 соли фаъолияти иттиҳодия аз 1,6 трлн ба $2,4 трлн доллар афзоиш ёфт
2024-05-29T15:58+0500
2024-05-29T15:58+0500
2024-05-29T15:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
дар русия
авруосиё
зиёд шудан
ииао
иттиҳоди иқтисодии уросиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_0:156:3086:1892_1920x0_80_0_0_d58f1b89acd3ad5804c379100115b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 10-солагии таъсисёбии иттиҳодияро таҷлил мекунад, ки тайи ин муддат ба дастовардҳои бузург даст ёфтааст. Рӯзи 29 майи соли 2014 кишвардорони Русия, Белорус ва Қазоқистон Созишномаи таъсиси ин созмонро имзо карданд ва дар соли 2015 Арманистон ва Қирғизистон ба он шомил шуданд.Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар тӯли 10 соли фаъолияти иттиҳодия аз 1,6 трлн ба $2,4 трлн доллар афзоиш ёфт. Дар Арманистон он - 128 %, дар Белорус - 30 %, Қазоқистон - 42 %, дар Қирғизистон - 109 %, дар Русия - 49 % афзуд. Дар тӯли мавҷудияти ИИАО, гардиши мол байни аъзоён тақрибан ду баробар афзуда, дар соли 2023 ба $87,5 млрд расид. Савдо бо мамолики сеюм низ 60% афзуда, ба $923 млрд расид, иттилоъ медиҳад КИАО, Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд. Дар миёнаҳои августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240528/uzbekiston-kumaki-rusiya-taomul-iiao-tavsea-1063001973.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_03adf433a604355915421e327ba57da6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, дастовард, таҳсил, иқтисод, авруосиё
ииао, дастовард, таҳсил, иқтисод, авруосиё
ИИАО 10-солагияшро бо чӣ дастовардҳо таҷлил мекунад?
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар тӯли 10 соли фаъолияти иттиҳодия аз 1,6 трлн ба $2,4 трлн доллар афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 10-солагии таъсисёбии иттиҳодияро таҷлил мекунад, ки тайи ин муддат ба дастовардҳои бузург даст ёфтааст.
Рӯзи 29 майи соли 2014 кишвардорони Русия, Белорус ва Қазоқистон Созишномаи таъсиси ин созмонро имзо карданд ва дар соли 2015 Арманистон ва Қирғизистон ба он шомил шуданд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар тӯли 10 соли фаъолияти иттиҳодия аз 1,6 трлн ба $2,4 трлн доллар афзоиш ёфт.
Дар Арманистон он - 128 %, дар Белорус - 30 %, Қазоқистон - 42 %, дар Қирғизистон - 109 %, дар Русия - 49 % афзуд.
Дар тӯли мавҷудияти ИИАО, гардиши мол байни аъзоён тақрибан ду баробар афзуда, дар соли 2023 ба $87,5 млрд расид. Савдо бо мамолики сеюм низ 60% афзуда, ба $923 млрд расид, иттилоъ медиҳад КИАО,
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.