https://sputnik.tj/20240528/vkd-rusiya-kishvarho-idm-jinoyatkoron-makhzan-yagona-shomil-1063008415.html
ВКД Русия аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҷинояткоронро ба махзани ягона шомил кунанд
ВКД Русия аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҷинояткоронро ба махзани ягона шомил кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Маълумот барои пешгирии қонунигардонии ҷинояткорони хатарнок дар қаламрави кишварҳои ИДМ ва гирифтани мақоми муҳоҷирати дарозмуддати онҳо мусоидат мекунад
2024-05-28T18:09+0500
2024-05-28T18:09+0500
2024-05-28T19:04+0500
дар тоҷикистон
вкд
идм
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_226:0:1204:550_1920x0_80_0_0_272020a76f3aabf693e7df13ac5f7b0d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бояд барои пешниҳоди маълумот дар бораи гумонбаршудагон ва муттаҳамони содир намудани ҷиноят фаъолонатар кор кунанд. Махзани байнидавлатии иттилоот бояд бо чунин маълумот пурра карда шавад. Аммо дар ҳоли ҳозир як қатор давлатҳо бепарвоӣ зоҳир кардаанд, гуфт муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой. Ӯ дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе оғоз шуд, суханронӣ кард. Корманди ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуд, ки чунин маълумот барои пешгирӣ аз қонунигардонии ҷинояткорони хатарнок дар қаламрави кишварҳои ИДМ ва гирифтани мақоми муҳоҷирати дарозмуддати онҳо мусоидат мекунад. Горовой қайд кард, ки махзани мазкур маҷмӯи маълумотҳои мутамаркази оперативӣ, санадҳои судиву тафтишотӣ, инчунин маълумоти оморӣ ва хазинавиро дар бар мегирад.Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи табодули иттилоот дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои ИДМ соли 2009 дар Остона ба имзо расида буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_348:0:1081:550_1920x0_80_0_0_bb6cbfc68c252310e96217f4d44ca901.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд русия кишварҳо идм даъват ҷинояткор махзан ягона шомил
вкд русия кишварҳо идм даъват ҷинояткор махзан ягона шомил
ВКД Русия аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҷинояткоронро ба махзани ягона шомил кунанд
18:09 28.05.2024 (Навсозишуда: 19:04 28.05.2024) Маълумот барои пешгирии қонунигардонии ҷинояткорони хатарнок дар қаламрави кишварҳои ИДМ ва гирифтани мақоми муҳоҷирати дарозмуддати онҳо мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бояд барои пешниҳоди маълумот дар бораи гумонбаршудагон ва муттаҳамони содир намудани ҷиноят фаъолонатар кор кунанд.
Махзани байнидавлатии иттилоот бояд бо чунин маълумот пурра карда шавад.
Аммо дар ҳоли ҳозир як қатор давлатҳо бепарвоӣ зоҳир кардаанд, гуфт муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой.
Ӯ дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе оғоз шуд, суханронӣ кард.
"Маълумот дар бораи шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар мешаванд ва муттаҳам мешаванд, дар баробари ин, бепарвоии як қатор кишварҳои ИДМ дар пур кардани ин сабти мушаххас мушоҳида мешавад", - гуфт ӯ.
Корманди ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуд, ки чунин маълумот барои пешгирӣ аз қонунигардонии ҷинояткорони хатарнок дар қаламрави кишварҳои ИДМ ва гирифтани мақоми муҳоҷирати дарозмуддати онҳо мусоидат мекунад.
Горовой қайд кард, ки махзани мазкур маҷмӯи маълумотҳои мутамаркази оперативӣ, санадҳои судиву тафтишотӣ, инчунин маълумоти оморӣ ва хазинавиро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи табодули иттилоот дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои ИДМ соли 2009 дар Остона ба имзо расида буд.