https://sputnik.tj/20240528/kolokoltsev-rahimzoda-masalaho-muhojiron-rusiyaro-barrasi-1063007650.html
Колоколтсев ва Раҳимзода масъалаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русияро баррасӣ карданд
Колоколтсев ва Раҳимзода масъалаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русияро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони вазорати корҳои дохилии ду кишвар ба мушкилоти соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ ва беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дахл карданд
2024-05-28T14:55+0500
2024-05-28T14:55+0500
2024-05-28T14:55+0500
дар тоҷикистон
русия
рамазон раҳимзода
владимир колоколтсев
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063005345_0:60:878:554_1920x0_80_0_0_1ab66869004e6ffdf782d91cd82a33d4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев зимни мулоқоти дуҷониба масоили марбут ба соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикон дар Федератсияи Русияро баррасӣ карданд. Мулоқот дар чаҳорчӯби сафари раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия ба Душанбе сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар додааст.Ҳамин тариқ, вазирон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ, беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд. Ҳамкорон ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии тоҷикон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро низ баҳс карданд. Дар паём гуфта мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ, табодули иттилоот, инчунин дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва омода кардани кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.Вазири корҳои дохилии Русия бо як сафар дар Душанбе қарор дорад. Ӯро як ҳайат барои музокирот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамин тариқ, дар ҷараёни сафар ҳамчунин маросими ифтитоҳи намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Русия дар ҷумҳурӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20240528/rahmon-ahamiyat-hifz-huquq-muhojiron-rusiya-takid-1063004159.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063005345_0:37:849:674_1920x0_80_0_0_9021fcf862a1a1d6d981945e7aff9f1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
колоколтсев раҳимзода будубош муҳоҷирон русия баррасӣ
колоколтсев раҳимзода будубош муҳоҷирон русия баррасӣ
Колоколтсев ва Раҳимзода масъалаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русияро баррасӣ карданд
Сарони вазорати корҳои дохилии ду кишвар ба мушкилоти соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ ва беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дахл карданд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев зимни мулоқоти дуҷониба масоили марбут ба соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикон дар Федератсияи Русияро баррасӣ карданд.
Мулоқот дар чаҳорчӯби сафари раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия ба Душанбе сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ҳамин тариқ, вазирон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ, беҳбуди шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ карданд.
Ҳамкорон ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии тоҷикон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро низ баҳс карданд.
Дар паём гуфта мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ, табодули иттилоот, инчунин дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва омода кардани кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.
Вазири корҳои дохилии Русия бо як сафар дар Душанбе қарор дорад. Ӯро як ҳайат барои музокирот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни сафар ҳамчунин маросими ифтитоҳи намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Русия дар ҷумҳурӣ дар назар аст.