https://sputnik.tj/20240526/raisi-tanazzuli-gegemoniyai-gharb-naqsh-1062981188.html
Сиёсатшинос: Раисӣ дар таназзули гегемонияи Ғарб нақши калидӣ дошт
Сиёсатшинос: Раисӣ дар таназзули гегемонияи Ғарб нақши калидӣ дошт
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшиноси амрикоӣ аз нақши раисҷумҳури марҳуми Эрон, ки бар асари садамаи чархбол ҷон дод, дар истодагарӣ дар баробари таҳримҳои Ғарб тавсиф намуд
2024-05-26T15:55+0500
2024-05-26T15:55+0500
2024-05-26T15:55+0500
дар ҷаҳон
иброҳим раисӣ
маросим
дафн
эрон
ғарб
чархбол
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/16/1062933793_0:121:3089:1859_1920x0_80_0_0_6b08a0573c06fbfe57185e1382109aa5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Иброхим Раисй "дар таназзули гегемонияи Гарб роли халкунанда" бозид. Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Макс Парри дар мусоҳиба бо Press TV иқрор шуд.Раисиҷумҳури фавтидаи Эрон бо афзоиши равобит бо Русия ва БРИКС тавонист иқтисоди ин кишварро дар мувозинат бо таҳримҳои ғарбӣ тақвият диҳад.Маврид ба зикр аст, ки Раисӣ ҳамчунин нахустин сафари хориҷиашро ба ҳайси раисҷумҳур ба Тоҷикистон анҷом дода буду дар аҳди ӯ равобити Маскаву Душанбе таҳким ёфтанд. Барои иштирок дар маросими дафни Раисӣ, шахсан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин кишвар рафт. Иброҳим Раисӣ 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар музофоти Озарбойҷони шарқӣ ҷон дод. Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.Эрон аввалин кишвари хориҷист, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор кардааст. Дар ин миён равобити кишвар фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузоштааст, аммо ҳамоно Эрон ҳамеша талош доштааст, то домани Тоҷикистонро раҳо накунад.
https://sputnik.tj/20240523/jahon-ibrohim-raisi-vido-marosim-dafn-eron-aks-1062948711.html
эрон
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/16/1062933793_225:0:2864:1979_1920x0_80_0_0_e8f43abc2091d3beb42bf0fa6dea1f8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иброҳим раисӣ, нақш, сиёсатшинос, ғарб, истодагарӣ
иброҳим раисӣ, нақш, сиёсатшинос, ғарб, истодагарӣ
Сиёсатшинос: Раисӣ дар таназзули гегемонияи Ғарб нақши калидӣ дошт
Сиёсатшиноси амрикоӣ аз нақши раисҷумҳури марҳуми Эрон, ки бар асари садамаи чархбол ҷон дод, дар истодагарӣ дар баробари таҳримҳои Ғарб тавсиф намуд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Иброхим Раисй "дар таназзули гегемонияи Гарб роли халкунанда" бозид. Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Макс Парри дар мусоҳиба бо Press TV иқрор шуд.
Раисиҷумҳури фавтидаи Эрон бо афзоиши равобит бо Русия ва БРИКС тавонист иқтисоди ин кишварро дар мувозинат бо таҳримҳои ғарбӣ тақвият диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Раисӣ ҳамчунин нахустин сафари хориҷиашро ба ҳайси раисҷумҳур ба Тоҷикистон анҷом дода буду дар аҳди ӯ равобити Маскаву Душанбе таҳким ёфтанд.
Барои иштирок дар маросими дафни Раисӣ, шахсан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин кишвар рафт.
Иброҳим Раисӣ 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар музофоти Озарбойҷони шарқӣ ҷон дод.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.
Эрон аввалин кишвари хориҷист, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор кардааст. Дар ин миён равобити кишвар фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузоштааст, аммо ҳамоно Эрон ҳамеша талош доштааст, то домани Тоҷикистонро раҳо накунад.