Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил мекунанд

© Дафтари матбуоти ФФТҶашнвораи футбол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол
Ҷашнвораи футбол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2024
Обуна шудан
Президенти ФФТ ҳамчунин ба СММ барои эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ФИФА барои дастгирии пешбурди ҳафтаи футбол дар саросари ҷаҳон изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол ширкат кард.
Ба иттилои ФФТ, Рустам Эмомалӣ ҷашнвораро ифтитоҳ намуда, тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт. Вай ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Президенти ФФТ ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Федератсияи байналмилалии футбол барои дастгирии ҳамаҷониба дар пешбурди ҳафтаи футбол дар саросари ҷаҳон изҳори сипос кард.
Дар Хуҷанд фестивали ретро мошинҳо баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Видеои фестивали ретро-мошинҳо дар Хуҷанд
Собиқ нимҳимоятгари дастаи "Челси"-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ дар фестивал иштирок дошт.
Дар фестивали футбол дар Душанбе дар маҷмуаъ 900 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
Ба иттилои ФФТ, мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад. Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.
Чунин чорабинӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шуданд. Ҷашнвораҳои нисбатан бузург дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт баргузор гардид, ки ҳазорҳо нафар дар он иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0