Белорус 2 муттаҳам ба терроризмро ба Тоҷикистон супурд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2024
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Белорус боздоштшудаҳоро ба ихтиёри кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурдаст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Белорус бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, иттилоъ дод дафтари матбуокти Вазорати корҳои дохилии Белоруся.
Ба иттилои ниҳод, боздоштшудагон дар он айбдор мешаванд, ки ба ҳамлаҳои террористӣ дар Ватан омодагӣ медидаанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Беларус Наталя Сахарчук дар таъйиди ин хабар ба РИА "Новости" шарҳ додаст, ки муттаҳамонро дастаи вокуниши вижа дастгир намудаст.
Глава Согда Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Аҳмадзода: ҳамлаи террористӣ дар Крокус як озмоиши равобити Душанбеву Маскав шуд
"Кормандони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи ВКД бо дастгирии Дастаҳои махсуси вокуниши фаврӣ дар шаҳри Минск ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намуданд, ки қасд доштанд дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд", - гуфтаст ӯ.
Сахарчук афзуд, онҳо аллакай ба ватанашон истирдод шуда, ба кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон супурда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон доданд, ки соли гузашта дар дохили кишвар низ 5 сӯиқасди амали террористиро ошкор намудаанд, ки аз рӯи ин ҳолатҳо панҷ нафарро боздошт намудаанд. Инчунин 4 амали террористиро дар дохил ошкор кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0