https://sputnik.tj/20240523/tojikiston-ozarboyjon-sozishnoma-muhojirat-imzo-1062955788.html
Тоҷикистону Озарбойҷон созишнома дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд
Тоҷикистону Озарбойҷон созишнома дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз музокирот дар Боку раисҷумҳурони Тоҷикистону Озарбойҷон як созишномаи муҳими стратегиро ба имзо расонданд
2024-05-23T17:49+0500
2024-05-23T17:49+0500
2024-05-23T17:57+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
сиёсат
созишнома
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/17/1062952118_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_be0ba082276d198f5fe67bf1b8529819.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд. Зери ин санад кишвардорони Тоҷикистону Озарбойҷон: Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари давлат хабар дод. Манбаъ афзуд, ки раисҷумҳурон ҳамчунин Эъломия дар бораи шарикии стратегиро низ ба имзо расонданд. Илова бар ин, аз сӯи Раҳмону Алиев 12 созишнома ва ёддошт имзо шуд. Аз ҷумла:Илова бар ин, академияҳои илмҳо дар бораи ҳамкориҳои илмӣ протокол ба имзо расониданд, ниҳодҳои дахлдори кор бо занон ва оила ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаҳои баробарии гендерӣ ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи Раҳмон, мақомоти Тоҷикистон омодаанд дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар кишвар ба ширкатҳои Озарбойҷон авлавият диҳанд. Илова бар ин, Раҳмон бо Алиев масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва фарҳангро баррасӣ кардааст. Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Боку қарор дорад. Алиев дар моҳи апрели соли гузашта бо як сафари давлатӣ аз Душанбе дидан карда буд, ки 14 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20240523/rahmon-eron-ozarboyjon-safar-1062946480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/17/1062952118_103:0:1239:852_1920x0_80_0_0_7e97707810bcc192cb19d666610f149f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистону озарбойҷон созишнома муҳоҷират
тоҷикистону озарбойҷон созишнома муҳоҷират
Тоҷикистону Озарбойҷон созишнома дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд
17:49 23.05.2024 (Навсозишуда: 17:57 23.05.2024) Пас аз музокирот дар Боку раисҷумҳурони Тоҷикистону Озарбойҷон як созишномаи муҳими стратегиро ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд.
Зери ин санад кишвардорони Тоҷикистону Озарбойҷон: Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки раисҷумҳурон ҳамчунин Эъломия дар бораи шарикии стратегиро низ ба имзо расонданд. Илова бар ин, аз сӯи Раҳмону Алиев 12 созишнома ва ёддошт имзо шуд. Аз ҷумла:
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон;
Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Озарбойҷон;
Илова бар ин, академияҳои илмҳо дар бораи ҳамкориҳои илмӣ протокол ба имзо расониданд, ниҳодҳои дахлдори кор бо занон ва оила ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаҳои баробарии гендерӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Раҳмон, мақомоти Тоҷикистон омодаанд дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар кишвар ба ширкатҳои Озарбойҷон авлавият диҳанд.
Илова бар ин, Раҳмон бо Алиев масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва фарҳангро баррасӣ кардааст.
Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Боку қарор дорад.
Алиев дар моҳи апрели соли гузашта бо як сафари давлатӣ аз Душанбе дидан карда буд, ки 14 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида буд.