ИИАО ҳамкориҳоро бо Муғулистон густариш медиҳад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2024
Обуна шудан
Вазири Комиссияи иқтисодии Авруосиё вазифаҳои асосиро барои ояндаи наздики ин иттиҳод муайян намуд
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Масъалаҳои фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ИИАО ва Муғулистон аз ҷониби иштирокчиёни конфронси илмӣ дар Улан-Батор баррасӣ шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти муҳокимаи пленарӣ вазири интегратсия ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии Авруосиё Сергей Глазев суханронӣ кард.
"Муғулистон аз миёни се кишвар аввалин шуда дар соли 2015 иртиботро бо ИИАО ба расмият даровард. Соли оянда аз оғози кори муназзами ИИАО ва Ҳукумати Муғулистон 10 сол мешавад", - гуфт вазир.
Дар қатори вазифаҳои калидӣ барои ояндаи наздик ӯ тақвият бахшидани корҳоро оид ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ИИАО ва Муғулистон қайд кард.
Валентин Болеславович Татарицкий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Татаритский: ҳамгироии ИИАО дар бахши стандартикунонӣ бояд таҳким ёбад
Глазев муҳим будани гузаштан ба асъори миллиро ҳангоми пардохт ва истифодаи платформаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои худ таъкид кард.
Вазифаҳои дигаре, ки ӯ ном бурд. инҳо ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои ҷустуҷӯи геологӣ, истихроҷи маъдан ва коркарди ашёи хом мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст.
Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0