https://sputnik.tj/20240522/tojikiston-ozarboyjon-sanad-hamkori-imzo-1062919441.html
Тоҷикистону Озарбойҷон ба маблағи $700 млн санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Тоҷикистону Озарбойҷон ба маблағи $700 млн санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ҳамоиш беш аз 200 соҳибкор аз Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд 22.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-22T10:52+0500
2024-05-22T10:52+0500
2024-05-22T10:52+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0c/1059346562_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_a8bdb0e2d25c4b495b8da7ae4ce04c57.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар Боку ҳамоиши тоҷирони Тоҷикисону Озарбойҷон баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.Ба иттилои манбаъ, зимни ин ҳамоиш миёни соҳибкорони ду давлат 15 санади нави ҳамкорӣ бо арзиши 700 млн доллар имзо шуд.Дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар аз ҳарду ҷониб дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд. Аз ҷумла, ҶСК "Талко"-и Тоҷикистон ва ҶСК "Азералюминийи Озарбойҷон" як ёддошти тафоҳум имзо карданд.Байни корхонаи давлатии "Тоҷагропромэкспорт" ва ҶСК "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид. Корхонаи "Лесинвест"-и "Тоҷикистон" ва корхонаи "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ табодули таҷриба мекунанд.Ҳамчунин корхонаи "Води Заррин" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва маҳсулоти нассоҷӣ ҳамкорӣ мекунанд.Инчунин "Сирдарё" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи содироту воридот ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ба иттилои Кумита, иштирокчиёни форуми соҳибкорон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва имзои созишномаву қарордодҳои мутақобилан судманд, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро дар бар мегиранд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ мунтазам баргузории чунин чорабиниҳоро идома хоҳанд дод. Ин ҳамоиш ба манзури рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва барқарории равобити доираҳои тиҷоратӣ баргузор шудааст.
https://sputnik.tj/20240212/sharhi-sherali-kabir-tavqifi-kori-korkhona-1061665588.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0c/1059346562_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_06868f857cc58b688a266e33990fd2f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, иқтисод
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, иқтисод
Тоҷикистону Озарбойҷон ба маблағи $700 млн санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Дар ин ҳамоиш беш аз 200 соҳибкор аз Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар Боку ҳамоиши тоҷирони Тоҷикисону Озарбойҷон баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин ҳамоиш миёни соҳибкорони ду давлат 15 санади нави ҳамкорӣ бо арзиши 700 млн доллар имзо шуд.
"Дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 700 млн доллар ба имзо расид", - омадааст дар хабари Кумита.
Дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар аз ҳарду ҷониб дар бахшҳои мухталиф ширкат доштанд.
Аз ҷумла, ҶСК "Талко"-и Тоҷикистон ва ҶСК "Азералюминийи Озарбойҷон" як ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Байни корхонаи давлатии "Тоҷагропромэкспорт" ва ҶСК "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид.
Корхонаи "Лесинвест"-и "Тоҷикистон" ва корхонаи "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ табодули таҷриба мекунанд.
Ҳамчунин корхонаи "Води Заррин" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва маҳсулоти нассоҷӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Инчунин "Сирдарё" ва "Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон" дар соҳаи содироту воридот ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Кумита, иштирокчиёни форуми соҳибкорон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва имзои созишномаву қарордодҳои мутақобилан судманд, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро дар бар мегиранд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ мунтазам баргузории чунин чорабиниҳоро идома хоҳанд дод.
Ин ҳамоиш ба манзури рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва барқарории равобити доираҳои тиҷоратӣ баргузор шудааст.