Довталабон аз Қазоқистон 100 имкони таҳсили ройгон дар Тоҷикистон доранд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишномаи ҳукуматӣ бо Қазоқистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабони ин кишварро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои шаҳрвандони Қазоқистон 100 бурсияи таълимӣ ҷудо кардаанд.
Дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ, донишҷӯёни қазоқистонӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ таҳсил кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон хабар додааст.
Зикр гардидаст, ки аз 20 майи соли 2024 дар чаҳорчӯби созишномаи ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон оғоз гардид.
Слабовидящий избиратель Марсель Гайфуллин рассматривает информационный бюллетень о кандидатах в президенты РФ со шрифтом Брайля на избирательном участке № 160 на выборах президента РФ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2024
Ташнаи илманд: дар Тоҷикистон теъдоди маълулони донишандӯзро гуфтанд
Барои шаҳрвандони Қазоқистон 100 грант ҷудо карда шудааст, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ - 50 ҷой, ихтисосҳои тиббӣ - 5 ҷой ва ихтисосҳои гуманитарию иқтисодӣ - 45 ҷойро дар бар мегиранд.
Бар асоси паёми вазорат, дарсҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат хоҳанд гирифт. Гуфта мешавад, ки ин грант таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, стипендияи ҳармоҳа тибқи қонунгузории миллӣ ва хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.
Хароҷоти нақлиёту манзилро дорандаи грант мустақилона пардохт мекунад, таъкид намудаст Вазорати маорифи Қазоқистон.
Лентаи хабарҳо
0