Ноиби сарвазир аз ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар Душанбе боздид кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2024
Обуна шудан
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ярмарка-намоишгоҳи ҷойи кори холӣ баргузор гардид, ки ноиби сарвазир аз он боздид намуд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷойҳои холии корӣ пешниҳод карданд.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ боздид карда, ба намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ барои таҳкими фаъолияту ташкили ҷойҳои бештари корӣ тавсияҳо дод.
Мансурӣ ҳамчунин бо пойгоҳи моддӣ - техникӣ ва раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз наздик шинос гардида, ба имконияти таҳсил ва шароити мавҷудаи омодасозии кадрҳо баҳои баланд додаст.
Заглушка к инфографике Сколько безработных в странах ЕАЭС и Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2024
ИИАО ва Тоҷикистон чанд бекор дорад?
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишварро ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ рабт медиҳад, ки бархе бекоронро бо ҷои кор таъмин мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод, сатҳи бекорӣ дар кишвар ба ҳолати аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, қариб 10% кам шудааст.
Дар маҷмуъ, дар охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48,3 ҳазор нафарро расман ҳамчун бекор сабтином кардаанд ки 9,7% коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соли гузашта дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 34,2% доимӣ, 18,7% муваққатӣ ва 44,4% мавсимӣ будаанд.
Лентаи хабарҳо
0