https://sputnik.tj/20240519/murabbii-tojik-uzbekiston-maqomi-nav-1062875828.html
Мураббии тоҷик дар Ӯзбекистон мақоми нав гирифт
Мураббии тоҷик дар Ӯзбекистон мақоми нав гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Мураббии тоҷик, Ҳаким Фузайлов дар Ӯзбекистон бо он шинохта мебошад, ки тимҳои ин кишвар таҳти роҳбарии ӯ аз Про-лига ба Лигаи олӣ роҳ меёбанд
2024-05-19T12:44+0500
2024-05-19T12:44+0500
2024-05-19T12:44+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҳаким фузайлов
мураббиён
футбол
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103050/05/1030500571_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_09960b4dda92a225f83c75d290b5150b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мутахассиси тоҷики риштаи футбол, Ҳаким Фузайлов сармураббии бошгоҳи "Хоразм"-и Ӯзбакистон шуд, ки дар Про-лига бозӣ мекунад. Фузайлов дар Ӯзбекистон бо он шинохта мебошад, ки тимҳои ин кишвар таҳти роҳбарии ӯ аз Про-лига ба Лигаи олӣ роҳ меёбанд. Тайи се соли охир "Динамо"-и Самарканд ва баъд "Бухоро"-ро тарбия карда, то ба Лигаи олии Ӯзбекистон расонд. Маврид ба зикр аст, ки феълан тими "Хоразм" баъди 8 даври про-лига бо 10 хол дар зинаи 5-ум қарор дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки Фузайлов муваффақиятҳояш дар дигар тимҳоро дар ин даста низ такрор мекунад ё на. Соли гузашта вазъи саломатии мутахассиси варзидаи тоҷик сабаби аслии рафтанаш аз дастаи "Бухоро" гуфта шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки мураббӣ соли 2022 ба дастаи узбекистонии "Бухоро" гузашта буд. Ҳамчунин ӯ, дастаро аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар бароварда, соҳиби медали нуқра кард.Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи "Бухоро" ва "Динамо"-и Самарқанд оғоз шудааст. Ҳамчунин аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар "Ростов" ва "Локомотив"-и Маскав мураббии селексионер буд.Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти "Локомотив" -и Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин гардида буд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои "Истиқлол" ва "Куктош"-ро тамрин додааст. Баъдан сармураббии тими "Каганат"-и Қирғизистон ва дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон буд. Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.
https://sputnik.tj/20240512/yatimov-behtarin-natija-superjomi-tojikiston-1062819349.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103050/05/1030500571_169:0:1124:716_1920x0_80_0_0_bc5993df858e13e4359f4185b3de3976.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мураббӣ, даста, таъйин, мақом, роҳбар, пролига
мураббӣ, даста, таъйин, мақом, роҳбар, пролига
Мураббии тоҷик дар Ӯзбекистон мақоми нав гирифт
Мураббии тоҷик, Ҳаким Фузайлов дар Ӯзбекистон бо он шинохта мебошад, ки тимҳои ин кишвар таҳти роҳбарии ӯ аз Про-лига ба Лигаи олӣ роҳ меёбанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мутахассиси тоҷики риштаи футбол, Ҳаким Фузайлов сармураббии бошгоҳи "Хоразм"-и Ӯзбакистон шуд, ки дар Про-лига бозӣ мекунад.
Фузайлов дар Ӯзбекистон бо он шинохта мебошад, ки тимҳои ин кишвар таҳти роҳбарии ӯ аз Про-лига ба Лигаи олӣ роҳ меёбанд.
Тайи се соли охир "Динамо"-и Самарканд ва баъд "Бухоро"-ро тарбия карда, то ба Лигаи олии Ӯзбекистон расонд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан тими "Хоразм" баъди 8 даври про-лига бо 10 хол дар зинаи 5-ум қарор дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки Фузайлов муваффақиятҳояш дар дигар тимҳоро дар ин даста низ такрор мекунад ё на.
Соли гузашта вазъи саломатии мутахассиси варзидаи тоҷик сабаби аслии рафтанаш аз дастаи "Бухоро" гуфта шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки мураббӣ соли 2022 ба дастаи узбекистонии "Бухоро" гузашта буд.
Ҳамчунин ӯ, дастаро аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар бароварда, соҳиби медали нуқра кард.
Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи "Бухоро" ва "Динамо"-и Самарқанд оғоз шудааст. Ҳамчунин аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар "Ростов" ва "Локомотив"-и Маскав мураббии селексионер буд.
Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти "Локомотив" -и Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин гардида буд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.
Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои "Истиқлол" ва "Куктош"-ро тамрин додааст. Баъдан сармураббии тими "Каганат"-и Қирғизистон ва дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон буд. Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.