Кишварҳои узви ИИАО дар феҳрасти зудрушдёбандаҳо: радабандии Бонки ҷаҳонӣ

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2024
Обуна шудан
Иқтисоди Русия дар 23 сол 7,7 маротиба - аз 260 млрд доллар то каме бештар аз 2 трлн афзоиш ёфта, дар радабандӣ ҷои 10-умро ишғол кардааст.
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ду кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) - Русия ва Қазоқистон, аз ибтидои асри 21 ба ҳисоби доллар дар қатори 10 иқтисоди босуръат рушдёбандаи ҷаҳон қарор доранд.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" дар пайи таҳлили маълумоти Хазинаи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ хабар додаст.
Маълумот танҳо барои иқтисодҳое пешниҳод шудааст, ки ММД-ашон 100 миллиард доллар ва бештар аз он аст.
Дар охири асри гузашта чунин кишварҳо 35 адад буданд, то охири соли 2023 шумораи онҳо ба 68 расид.
Тибқи таҳлилҳо, иқтисоди Русия дар 23 сол 7,7 маротиба афзоиш ёфта, аз 260 млрд доллар ба каме бештар аз 2 трлн доллар расидааст ва дар ин радабандӣ мақоми 10-умро ишғол кардааст.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2024
Таваҷҷуҳ ба тарҳҳои ҳамгироӣ дар ИИАО баланд арзёбӣ шуд
Иқтисодиёти Эфиопия, ки ба БРИКС ҳамроҳ шуд, аз ҳама зудтар рушд кард. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 19,4 маротиба афзуда, ба 160 млрд доллар расид. Баъдан Чин аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 14,6 маротиба афзуда, ба 17,7 трлн доллар расид.
Қазоқистон бо афзоиши 14,2 маротиба аз 18,3 миллиард доллар ба 261 миллиард доллар дар ҷои севум қарор дорад. Дар байни кишварҳои БРИКС, ба ҷуз Эфиопия ва Чин, иқтисоди Ҳиндустон бо суръати баландтарин рушд карда, 7,6 маротиба афзоиш ёфт.
Иқтисоди Имороти Муттаҳидаи Араб 4,8 баробар, Миср 4 баробар, Эрон 3,7 баробар, Бразилия 3,3 баробар, Африқои Ҷанубӣ 2,5 баробар афзуд.
Қаблан муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук таваҷҷуҳро ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО дар давраи фишори таҳримот ҷалб карда буд. Ба гуфтаи ӯ, шарикии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) бо Русия дар бахши энержӣ имкон медиҳад, ки онҳо дар бозорҳои хориҷӣ рақобат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0