Ҳавои хатарнок дар Тоҷикистон паси сар шуд? пешгӯии ҳавошиносон

© Sputnik / Амир ИсаевДождь в Душанбе, архивное фото
Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2024
Обуна шудан
Давоми рӯзҳои оохир бархе аз шуҳру навоҳии Тоҷикистонро борони шадид фаро гирифта буд, ки офати табиӣ аз қабили селу обхезӣ ва талафоти молию ҷонӣ дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 6+1дараҷа гарм, рӯзона 21+6дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар доманакуҳҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Беш аз як миллион сомонӣ: Ҳаҷми хисороти расида аз селҳо дар ду рӯзи моҳи май дар Суғд
Дар Хатлон низ дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мегардад.
Дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ баробари борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+1 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0