https://sputnik.tj/20240519/amniyat-tijorat-tojikiston-chin-barnomai-hamkor-1062877982.html
Аз амният то тиҷорат: Тоҷикистону Чин барномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Аз амният то тиҷорат: Тоҷикистону Чин барномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст
2024-05-19T13:13+0500
2024-05-19T13:13+0500
2024-05-19T13:40+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
сироҷиддин муҳриддин
чин
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101436/74/1014367451_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_57b610e3a189c833512df8948ed7a24f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин қолаби "Осиёи Марказӣ+Чин" низ мавзӯи меҳварии мулоқот буд. Қаблан вазири Чин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Раисҷумҳур аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ кард."Мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем", - гуфт ӯ. Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд долларро ташкил медиҳад, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20240518/rahmon-chin-iqtisodi-tojikiston-sarmoyaguzor-1062874937.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101436/74/1014367451_260:0:1515:941_1920x0_80_0_0_f57071a0cb9cc02dfe9bdceda442932f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, пекин, тоҷикистон, ҳамкорӣ, таҳким, равобит
душанбе, пекин, тоҷикистон, ҳамкорӣ, таҳким, равобит
Аз амният то тиҷорат: Тоҷикистону Чин барномаи ҳамкорӣ имзо карданд
13:13 19.05.2024 (Навсозишуда: 13:40 19.05.2024) Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.
Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.
Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин қолаби "Осиёи Марказӣ+Чин" низ мавзӯи меҳварии мулоқот буд.
Қаблан вазири Чин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Раисҷумҳур аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.
"Мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем", - гуфт ӯ.
Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд долларро ташкил медиҳад, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.