https://sputnik.tj/20240518/rahmatulloh-zoyirov-rayisi-hizbi-sotsial-demokrat-darguzasht-1062872256.html
Даргузашти Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Даргузашти Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси шинохта ва раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар 67-солагӣ даргузашт.
2024-05-18T15:10+0500
2024-05-18T15:10+0500
2024-05-18T16:12+0500
раҳматилло зоиров
дар тоҷикистон
даргузашт
ҳуқуқ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031791458_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_65fbac7d563514c0cc82a77317836e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вай дар гузашта мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва сиёсати байнулмилалӣ низ буд.Шокирҷон Ҳакимов, муовини райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф қарибиҳои зуҳр дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.“Раҳматуллоҳ Зойиров як шахси мутааҳиду вафодор ба ақида ва муътақид ба фардои дурахшони Тоҷикистон буданд. Он кас як муддати тӯлонӣ шадидан аз маризӣ ранҷ мебурданд ва дар бистари беморӣ қарор доштанд”, - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.Раҳматуллоҳ Зойиров 16 марти 1957 дар шаҳраки Боғистони вилояти Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқи шаҳри Харков (1983), Академияи ҳуқуқи шаҳри Киеви Украина (1986) ва Донишгоҳи марксим-ленинизми назди Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Хабаровски Русия (1988) аст.Вай як муддат дар Русия кор карда, соли 1988 ба Тоҷикистон омад. Дар донишгоҳҳо дарс мегуфт ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Академияи улум буд. Соли 1998 ҳизби “Адолат ва тараққиёт” – ро поягузорӣ намуд, ки баъдтар ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон табдили ном кард.Солҳои 2001—2003 Раҳматулло Зойиров мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва сиёсати байнулмилалӣ буд. Соли 2002 бо фармони президенти Тоҷикистон унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи дуюм ва рутбаи генерал-лейтенанти адлияро гирифт.Раҳматулло Зойиров олими маъруфи ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муаллифи беш аз 270 кори илмӣ, 30 китоб дар улуми ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва байнулмилалӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва таърихи Тоҷикистон буд.Ҷанозаи марҳум дар масҷиди маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бино ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, қарор аст дар қабристони маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад.
https://sputnik.tj/20240514/lolakhon-sattori-nattoq-hunarpesha-shoista-tojikiston-darguzasht-1062833252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031791458_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_7021280269a84584a2d5e01045131b30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳматулло зоиров, даргузашт, раиси ҳизби сотсиал-демократ, душанбе, ҳуқуқшинос
тоҷикистон, раҳматулло зоиров, даргузашт, раиси ҳизби сотсиал-демократ, душанбе, ҳуқуқшинос
Даргузашти Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
15:10 18.05.2024 (Навсозишуда: 16:12 18.05.2024) Раҳматуллоҳ Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар синни 67-солагӣ вафот кард
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вай дар гузашта мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва сиёсати байнулмилалӣ низ буд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф қарибиҳои зуҳр дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.
“Раҳматуллоҳ Зойиров як шахси мутааҳиду вафодор ба ақида ва муътақид ба фардои дурахшони Тоҷикистон буданд. Он кас як муддати тӯлонӣ шадидан аз маризӣ ранҷ мебурданд ва дар бистари беморӣ қарор доштанд”, - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Раҳматуллоҳ Зойиров 16 марти 1957 дар шаҳраки Боғистони вилояти Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқи шаҳри Харков (1983), Академияи ҳуқуқи шаҳри Киеви Украина (1986) ва Донишгоҳи марксим-ленинизми назди Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Хабаровски Русия (1988) аст.
Вай як муддат дар Русия кор карда, соли 1988 ба Тоҷикистон омад. Дар донишгоҳҳо дарс мегуфт ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Академияи улум буд. Соли 1998 ҳизби “Адолат ва тараққиёт” – ро поягузорӣ намуд, ки баъдтар ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон табдили ном кард.
Солҳои 2001—2003 Раҳматулло Зойиров мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ ва сиёсати байнулмилалӣ буд. Соли 2002 бо фармони президенти Тоҷикистон унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи дуюм ва рутбаи генерал-лейтенанти адлияро гирифт.
Раҳматулло Зойиров олими маъруфи ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муаллифи беш аз 270 кори илмӣ, 30 китоб дар улуми ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва байнулмилалӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва таърихи Тоҷикистон буд.
Ҷанозаи марҳум дар масҷиди маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бино ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, қарор аст дар қабристони маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад.